Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Конибодом тибқи нақша имсол 12 ҳазору 529 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. То имрӯз беш аз 4414 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 35,2 фоизи нақша баробар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд.
Дар саҳроҳо пахта хуб нашъунамо карда, умед аст, ки имсол пахтакорон ҳосили дилхоҳ рӯёнанд.
Обу ҳавои зудтағйирёбандаи фасли тирамоҳ водор месозад, ки суръати чиниши пахтаро вусъат дода, барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил аз тамоми воситаю имконият истифода барем.
Бо мақсади ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо дар мавсими пахтачинӣ аз ҳисоби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шахсони масъул ба шаҳру ноҳияҳои пахтакор вобаста карда шудаанд. Кишоварзон азм доранд, ки тамоми имкониятро истифода бурда, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҳосили пахтаро пурра ҷамъоварӣ намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






