Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд

Октябрь 5, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Конибодом тибқи нақша имсол 12 ҳазору 529 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. То имрӯз  беш аз 4414 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 35,2 фоизи нақша баробар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд.

Дар саҳроҳо пахта хуб нашъунамо карда, умед аст, ки имсол пахтакорон ҳосили дилхоҳ рӯёнанд.

Обу ҳавои зудтағйирёбандаи фасли тирамоҳ водор месозад, ки суръати чиниши пахтаро вусъат дода, барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил аз тамоми воситаю имконият истифода барем.

Бо мақсади ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо дар мавсими пахтачинӣ аз ҳисоби масъулини сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шахсони масъул ба шаҳру ноҳияҳои пахтакор вобаста карда шудаанд. Кишоварзон азм доранд, ки тамоми имкониятро истифода бурда, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҳосили пахтаро пурра ҷамъоварӣ намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом

Октябрь 5, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд