Машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» расман оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар машқгоҳи таълимии «Каттақурғон»- и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон расман оғоз гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машқҳо ҳайатҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд.
Зимни ифтитоҳи машқҳои минтақавӣ вобаста ба таҳкими дӯстии мутақобил байни давлатҳои иштироккунанда сухан гуфта шуд.
Иброз гардид, ки баргузории машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар шароити шиддат гирифтани вазъи геосиёсии ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои замони муосир муҳиму саривақтӣ мебошад.
Аз ҷониби роҳбари машқҳои минтақавӣ ба ситоди таълимгирандагон, ки ба ҳайати он гурӯҳи амалиётии ҳайати ҳарбии Тоҷикистон дохил мебошад, вобаста ба машқҳо фармоиши ҷангӣ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар машқҳои минтақавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва воҳиди низомии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок доранд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






