Меҳргон иди кишоварзону олимон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст

Октябрь 17, 2025 08:26

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  Иди Меҳргон, Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад.

Доир ба Иди Меҳргон ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимзода чунин ибрози андеша намуд:

-Бисёр хурсандибахш аст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 Иди Меҳргон ҳамчун иди миллии аҷдодӣ қайд гардид ва тибқи он ҳар сол мардуми мамлакат онро дар фасли заррини тирамоҳ ҷашн мегиранд.

Барои аз нав эҳё гардидани  Меҳргон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон умри дубора бахшид ва таҷлили ин иди аҷдодӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2009 дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хосса ва анъанаҳои неки халқи тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Олимон бо истинод аз китоби «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3-ҳазорсола мепиндоранд. Дар ин китоб гуфта мешавад, ки Меҳр номи Офтоб буда, дар замони сулолаи Сосониён дар Меҳрмоҳ тоҷеро, ки сурати Офтоб дар он кашида шуда буд, ба сар мегузоштанд. Ҳамин тавр Иди Меҳргон аз калимаи меҳр гирифта шудааст, ки маънои меҳру муҳаббат ба зиндагӣ, ба кишоварзӣ, ба замину обу хок ва ба ҳавои мусаффо дорад.

Дар рӯзҳои таҷлили ин иди аҷдодиамон ғаллакорон, пахтакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин маҳсулоти истеҳсолкардаашонро ба намоиш бароварда, аз баракату файзи меҳнаташон шодиву хурсандӣ, рақсу шодкомӣ менамоянд, ки ин ба ғайрату матонати марди деҳқони тоҷик илҳоми нав зам менамояд. Ҳама ин дастовардҳои истеҳсолии кишоварзон барои боз ҳам ғанӣ гардидани иқтисодиёти мамлакат аҳамияти калон доранд.

Месазад гуфт, ки Иди Меҳргон иди касбии кишоварзони ҷумҳурӣ ба шумор рафта, рушду нумӯ ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти мамлакатамон хеле муҳим аст ва он таҳкурсии мустаҳками иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошҳои пайгирона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Меҳргон шукуҳу шаҳомоти тозаю навро соҳиб гардид. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Бояд гуфт, ки саҳми олимони тоҷик дар парвариши навъҳои серҳосили картошка, сабзавот, ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд, хеле баланд аст.

Махсусан, олимони шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи агаририи Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ба кишоварзони асили мамлакат кумакҳои илмию амалӣ мерасонанд, ки сабаби сол аз сол, аз Меҳргон то ба Меҳргони дигар зиёд гардидани маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мегардад. Алалхусус, навъу намунаҳои нави ихтироънамудаи зироати кишоварзӣ, зотҳои сермаҳсули чорвою паранда ва технологияҳои нави инноватсионии олимони тоҷик имрӯзҳо заминаи боэътимоди ба даст овардани ҳосили баланди ин зироат ба шумор мераванд.

Олимони шуъбаи биология дар ҳамкорӣ бо дигар олимону мутахассисони муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ минбаъд низ кӯшишу ғайрати худро ба он равона месозанд, ки дар арафаи Иди Меҳргон файзу баракати кори деҳқонон боз ҳам афзунтар гардида, таъмини амнияти озуқавории мамлакат беҳтар гардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2025 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2025» беш аз 60 ширкат маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАКӮКОРӢ. Эҳтиром ва некиро аз кӯдакӣ омӯзонем, то ояндаро бо амалҳои хуб бисозем
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
14 нафар соҳибкорзанон соҳиби гранти Раиси вилояти Хатлон гардиданд
Дар Душанбе роҳбарони сохторҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Эрон мулоқот анҷом доданд
Дар форуми «Хатлон Инвест-2025» 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад
«ХАТЛОН ИНВЕСТ-2025». Имконоту иқтидори иқтисодию сармоягузории калонтарин минтақаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид