Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ дар Беларус иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 октябр дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи 59-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҷаласаи 45-уми Ситод оид ба тафтишоти муштараки вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд.
Дар доираи ҷаласаҳо қарорҳои дар ҷаласаҳои 58-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисорӣ ва 44-уми Ситод оид ба тафтишоти муштараки вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабулгардида натиҷагирӣ карда шуданд. Инчунин масъалаҳо вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти зиддиинҳисорӣ дар иҷрои вазифаҳо ва тақвияти ҳамкории минбаъда баррасӣ карда шуданд.
Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаҳои баргузоргардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар фарҷом роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи самараноки сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳамкории судманд бо давлатҳои аъзо бо нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуд.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






