НАМУНАИ ИБРАТ. Дар Спитамен се даъватшаванда аз як оила ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастанд
ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарӯза ҷавонони зиёд ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир гардида, барои иҷрои рисолати бузурги ватандӯстӣ ва ҳифзи Ватан изҳори омодагӣ менамоянд. Намунаи барҷастаи ин амали нек ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастани се даъватшаванда аз як оила дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз даъват ва ҷараёни хизмати ҳарбии ин се нафар аллакай ду ҳафта сипарӣ гардидааст. Дар ин давра бо дастури Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода гурӯҳи эҷодии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиа дар якҷоягӣ бо намояндагони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд тасмим гирифтанд, ки бо падару модари Ҳасан, Ҳусейн ва Абдуқодир Абдуқодировҳо аз наздик шинос шуда, рӯзгори пурнишоту пурифтихори ин оилаи хушбахту сарфарозро инъикос намоянд.
Воқеан, тарбия аз оила оғоз гардида, дар муҳити солими ҷомеа боз ҳам такмил меёбад. Аз суҳбати падару модар, пайвандону наздикон ва ҳамсояҳо, ки гурӯҳи эҷодиро дар хонаи Абдуқодировҳо ҳамроҳӣ доштанд, маълум буд, ки онҳо фарзандони худро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, дӯст доштану хизмат кардан ба халқу Ватан тарбия намуда, муқаддас шуморидану гиромӣ доштани ин марзи аҷдодиро меомӯзонанд. Маҳз тарбияи хуб ва дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ба камол расонидани фарзанд мебошад, ки имрӯз падру модар бо сари баланд ва ифтихори бузург ҳарф мезананд.
Ин оилаи хушбахту намуна барои аҳли ҷомеа дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен умр ба сар мебарад. Рӯзгори аҳлонаву шарафмандона доранд ва ин ташаббуси неку оқилонаашон дар пайи тарбияи хуби оилавӣ боз ҳам намунаи олии ватандӯстӣ ва пайравӣ аз сиёсати сулҳпарваронаю ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №14-и ноҳияи Спитамен имсол Ҳасан ва Ҳусейн бо маслиҳати падару модар тасмим мегиранд, ки аввал хизмати ҳарбиро ба ҷо оранд ва баъдан ба яке аз муассисаҳои олии касбии мамлакат дохил гардида, соҳибмаълумот шаванд. Абдуқодир соҳиби маълумоти касбӣ аст. Амали ӯ воқеан сутуданист. Зеро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан хост ҳамроҳу ҳамсафар ва ҳамхизмати бародаронаш бошад.
Ҳамин тавр, пас аз маслиҳату машварати падару модар се бародари хуштолеъ бо тартиби муқарраргардида ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен даъват карда мешаванд.
Бо ҳозир гардидан ба комиссариати ҳарбӣ онҳо ҳамаҷониба аз омӯзиши пешакӣ ва комиссияи тиббии ноҳиявӣ гузашта, ба нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ ҳозир мегарданд ва баъд аз омӯзишу санҷиши ҳамаҷониба аз ҷониби комиссияи даъватии вилоятӣ хоҳиши даъватшавандагон Абдуқодировҳо дар бораи дар як қисми ҳарбӣ хизмат намуданашон қонеъ гардонида мешавад. Онҳо барои ба ҷо овардани хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешаванд.
Бо пайвастан ба қисми низомӣ се бародари навдаъват номи наваскарро гирифтаанд. Чун либоси ифтихорбори низомӣ бар тан доранд, онҳо дарсу машғулияти ибтидоии ҳарбиро азхуд менамоянд ва пас аз ёд намудани савганди ҳарбӣ дар оянда ҳамчун муҳофизони ҳақиқӣ ба Ватан-Модар содиқона хизмат менамоянд.
Он рӯз хонаводаи Абдуқодировҳо барои дидани фарзандон ба қисми ҳарбии Гвардияи миллӣ дар гарнизони Суғд омаданд. Волидайни сарбозон меҳмони ифтихории қисми ҳарбӣ буданд. Роҳбарият ва ҳама ҳайати шахсӣ ба падару модар барои чунин тарбияи хуб ва дар роҳи мардонагӣ таълим додани фарзандон аҳсан мехонданд.
Баъд аз зиёфати сарбозӣ аҳли хонаводаи Абдуқодировҳо бо роҳнамоии афсари самти корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ бо ҳудуд ва атрофи қисми ҳарбӣ шинос гардида, ҷойи хизмат, шароити буду бош, хобгоҳу ошхонаи сарбозӣ ва дигар шароиту имконияти барои хизмати ҳарбии фарзандони сарбозашон пешбинигардидаро диданд.
Бояд гуфт, ки маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон идома дорад. То ин муддат иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 78 фоизро дар бар гирифта, қариб 30 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






