Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар маҳалли баргузории ҷаласа меҳмонони олиқадрро Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як-як самимона пазироӣ намуданд.
Барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба Қасри миллат ташриф оварданд.
Пас аз ба ҳам омадани иштирокдорони ҷаласа, нахуст маросими аксбардории якҷояи сарони давлатҳо баргузор шуд.
Сипас, ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз кард.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони кишварҳо ва аъзои ҳайатҳои расмиро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, самимона хайрамақдам гуфтанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар соли раёсати худ дар Иттиҳод, дар ҳамкории зич бо кишварҳои иштирокдор ва Кумитаи иҷроия, фаъолияти фарогирро баҳри татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда идома дод.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки фаъолияти Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи Иттиҳод ба ноил гардидан ба натиҷаҳои амалӣ дар рушди ҳамкорӣ дар доираи Созмон нигаронида шуда буд.
Дар идомаи ҷаласа ва суханронии худ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба такмили фаъолияти Созмон, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётиву логистикӣ, ҳамгироии рақамӣ, ҳамчунин таъмини суботи энергетикӣ ва пешбурди фаъолонаи ҳамкории башардӯстона равона гардид. Ҳамзамон, ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир аҳамияти хоса дода шуд.
Дар ин робита, дар ҷаласа масоили мубрами ҳамкории муштарак дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм, таҳкими ҳамкории сарҳадиву низомӣ баррасӣ гардид.
Гуфта шуд, ки изҳороти бахшида ба 80-солагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид иродаи умумии кишварҳои Иттиҳодро барои таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ инъикос менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аҳамияти қабули қарорҳо оид ба ташаббуси “ИДМ плюс” ва додани мақоми нозир ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъкид карда, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар густариши робитаҳои байналмилалии Созмон арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва густариши ҳамкории гуманитарӣ ба ҳифзу ғанигардонии мероси умумии фарҳангӣ ва таҳкими руҳи ҳамраъйӣ дар доираи Иттиҳод мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон омодагии худро барои идомаи фаъолонаи талошҳо баҳри тавсеаи ин самти ҳамёрӣ таъкид менамояд.
Ҳамчунин, Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи кишварҳои иштирокдор барои мусоидати судманд дар ҷараёни раёсат ва саҳми онҳо дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои Консепсияи раёсати Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.
Дар фарҷоми сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари дӯсту бародари Туркманистонро ба муносибати ба ӯҳда гирифтани раёсати минбаъда дар Иттиҳод табрик намуда, ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов дар татбиқи ҳадафҳои пешбинишуда барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд байни кишварҳои иштирокдори Созмон Иттиҳод хоҳони муваффақият шуданд.
Пас аз суханронии ҳамаи сарони давлатҳо ва гузориши Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санадҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар ҳамин ҷо пас аз имзои санадҳо Михаил Швидкой, ҳамраиси Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи (ХБҲБ) кишварҳои узви ИДМ, узви Шурои ИДМ оид ба ҳамкорои башардӯстона, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкории байналмилалии башардӯстона Қарори Раёсати Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро дар бораи сарфароз гардонидани Раиси Шурои Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона” эълон намуд.
Пас аз маросими супоридани ҷоиза Сарвари давлати мо дар суханронии ҷамъбастӣ ба Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои иштирокдори ИДМ барои баҳои баланд ба дастовардҳои ӯ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки ин ҷоизаро эътирофи баланди саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушди робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ дар доираи ИДМ медонанд.
Сипас, Пешвои миллат ба иштирокдорони ҳамоиш барои кори пурмаҳсул арзи сипос намуда, нишастро пӯшида эълон карданд.