Оид ба нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди илм ва маориф конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Нақши Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди илм ва маориф» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар конфронс намояндагони аҳли илму адаб, олимону донишмандон, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, собиқадорон, устодону омӯзгорон ва собиқ хатмкардагони донишгоҳ иштирок намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар замони гузашта ва имрӯз дар рушду таҳкими неруи зеҳнӣ, тарбияи кадрҳои болаёқат ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши таърихӣ дошта, ҳамчун рамзи устувори фарҳангу дониш дар кишвар шинохта мешавад.
Тазаккур дода шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ донишгоҳ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нав ворид гардид.
«Имрӯз донишгоҳ ҳамчун муассисаи муътабари таҳсилоти олӣ бо инфрасохтори муосир, муҳити илмиву омӯзишӣ ва дастовардҳои назаррас, дар хидмати таълиму тарбияи насли соҳибмаърифат қарор дорад», — изҳор гардид дар конфронс.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб на танҳо мақоми илмии худро устувор намуд, балки бо густариши ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими низоми таҳсилот ҳамчун маркази муосири омӯзишиву пажуҳишӣ шинохта мешавад.
Дар фарҷом ба як зумра иштирокчиён нишони «Ифтихори донишгоҳ» супорида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






