ҶОМИ ОСИЁ-2027. Бозии Тоҷикистон ва Малдивро гурӯҳи доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунад

Октябрь 7, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 07.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати доваронро, ки бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои Тоҷикистон ва Малдивро ҳакамӣ мекунанд, интихоб намуд. Ин вохӯриро доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Довари марказӣ довари ФИФА Зайниддин Алимов хоҳад буд. Ба ӯ дар хат ёварони довари ФИФА Нураалӣ Абдунабиев ва Абдуғанӣ Абдукаримов кумак мекунанд. Довари ФИФА Санҷар Жакипбеков ба ҳайси чаҳорумин ҳакам кор мекунад. Кори ҳайати доваронро Валентин Коваленко аз Узбекистон назорат менамояд ва Валид Муҳаммад Мӯсо Тоҳир Ал-Блуши комиссари бозӣ таъйин гардид.

Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Малдив 9 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 18:00 доир мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 7, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд