ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозӣ бо Малдив ба шаҳри Мале рафт
ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович 10 октябр барои анҷоми бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Малдив вориди шаҳри Мале шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозингар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомиланд.
Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни мунтахабҳои Малдив ва Тоҷикистон 14 октябр дар Варзишгоҳи миллии Мале баргузор шуда, соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






