Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд

Октябрь 30, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба қабули Конститутсия озмуни илмӣ-маърифатии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар озмун магистрантон, докторантон ва унвонҷӯёни институт фаъолона иштирок намуданд.

Иштирокчиён донишу малакаи худро доир ба муҳтавои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабул ва нақши он дар рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баён намуданд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ ва таҳким бахшидани эҳтиром ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар