Озмуни «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба қабули Конститутсия озмуни илмӣ-маърифатии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар озмун магистрантон, докторантон ва унвонҷӯёни институт фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиён донишу малакаи худро доир ба муҳтавои меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабул ва нақши он дар рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баён намуданд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои конститутсионӣ ва таҳким бахшидани эҳтиром ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






