Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгоронро ба истифода доданд

Октябрь 24, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавонро ба истифода доданд.

Иншооти нави иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ҳимматбаланди деҳа бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ барои 40 омӯзгори ҷавон сохта шуда, дар он мутобиқ ба талаботи замон барои зист шароит фароҳам оварда шудааст.

Нахуст, 11 омӯзгори ҷавон, ки аз ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи квотаи Президентӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм мекунанд, соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд. Ин нафарон дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара минбаъд аз фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ ба наврасон дарс мегӯянд. Оянда 10 нафари омӯзгор аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳо барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара бо тариқи озмун ҷалб шуда, дар ҳамин ҷой бо манзили зисти дорои шароити муосир таъмин мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешаи пуршарафи омӯзгорӣ ҷавононро ба истифодаи босамар аз имконияти мавҷуда ва дар рўҳияи донишмандию хештаншиносӣ ба камол расонидани насли наврас ҳидоят карданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва беҳтар кардани сифати таълим дастур дода буданд.

Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ин аввалин иқдоми намунавӣ аз ҷониби соҳибкорон дар кишвар аст, ки якбора барои 40 омӯзгори ҷавон дар деҳаи Пушинг манзилҳои истиқоматӣ сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати бунёди чунин манзилҳои истиқоматии барҳаво барои омӯзгорон ва бо кори пурифтихору манзили зист таъмин кардани гурўҳе аз хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Хоруғ изҳори сипос карда, ташаббуси соҳибкоронро намунаи ибрат дар кишвар маънидод карданд.

Иқдоми соҳибкорон омӯзгоронро водор намудааст, ки барои иҷрои рисолати касбӣ ва таълиму тарбияи насли наврас хизмати садоқатмандона анҷом диҳанд.

Саҳни манзилҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара дар асоси лоиҳаи муосир сабзкорӣ шуда, ба хотири фароғати хуш суҳбаткадаҳо гузошта шудааст.

Ба истифода додани 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 24.10.2025

Октябрь 24, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид