Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи бо тарҳу намои муосир сохташуда аввалин иншооте буд, ки 23 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Иншоот бо ҳадафи тақвияти дониш ва иттилооти аҳолии деҳот, омӯзиши илмҳои замони муосир ва омодагии довталабон ба сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шудааст.
Дар китобхона 10 ҳазор адабиёти гуногун мавҷуд аст.
Ҳамкорӣ ва пайваст будан бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи фарҳанг, китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар марказҳои илму дониш хазинаи адабиёти электронии китобхонаро ба зиёда аз як миллион баробар мекунад.
Фароҳам будани ин шароит имкон медиҳад, ки хоҳишмандон ба асарҳои сиёсӣ, бадеӣ ва илмии бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон дастрасӣ дошта бошанд.
Омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат аст. Дар китобхона маркази забономӯзӣ низ кушода шуд, ки бо 18 компютери пайваст бо хатти интернет ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз мебошад.
Дар се синфхонаи барои 36 нафар пешбинишуда шароити муосири омӯзиши забон ва фанҳои дақиқ муҳайё карда шудааст.
Омўзиши забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ ва илмҳои дақиқ бо ҷалби омӯзгорони дорои дониш ва таҷрибаи баланди касбӣ гузаронида мешавад.
Панҷ ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти рӯзгор барои истироҳат ва будубоши омӯзгорон пешбинӣ шудааст.
Дар китобхона ва маркази омӯзиши забонҳо 12 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад






