Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 10 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»













Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






