Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Октябрь 5, 2025 11:50

ДУШАНБЕ, 05.10.2025 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Президенти Тоҷикистон ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику шодбош арз намуда, ба Сарвари давлати мо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон  ба нафъи кишвар ва мардуми он комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Сарони ду кишвар дар робита ба раванди рушди муносибат ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Беларус дар доираи шарикии стратегӣ ва дурнамои он ибрози андеша намуданд.

Президенти Беларус ба нақши созандаи Пешвои миллат дар ин ҷода махсус таъкид карданд.

Зимни суҳбат ҳамзамон дар робита ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт.

Октябрь 5, 2025 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд