Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Раҳмониёни ноҳияи Данғара бинои нави Маркази саломатиро ба истифода доданд

Октябрь 23, 2025 11:21

ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Раҳмониёни деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои нави Маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонии он шинос шуданд.

Бунёди бинои нави маркази саломатӣ аз моҳи феврали соли 2025 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 45 мутахассису коргари маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб шуда буданд. Иншоот пурра бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва бо харҷи 10 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Маркази нави саломатӣ сеошёна буда, аз шуъбаи таваллуд бо 10 кати хоб барои модару кӯдак, 46 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла барои табиби дандон, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, ҷарроҳӣ, ташхиси дилу рагҳо, амрози занона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Бино бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Иншооти нави саломатӣ барои хизматрасонӣ ба зиёда аз 100 ҳазор сокини ноҳия бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешбинӣ шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар маркази нави саломатӣ шароиту имкониятҳои муосири кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шуда, 54 таҷҳизоти тиббии он аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ харидорӣ гаштааст.

Маркази навбунёди саломатӣ аз зумраи иқдомҳои роҳбарияти давлат дар самти татбиқи амалии сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоӣ ва дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гашта, бо тарҳ ва намои зебои худ ба ҳусни ин мавзеъ зебогии дигар зам менамояд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои бунёди маркази муосири саломатӣ изҳори сипос намуда, табибонро ба хизмати софдилона ба мардум ҳидоят намуданд.

Дар партави сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди муассисаҳои нави тиббӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар саросари кишвар зиёд гардида, сатҳу сифати хизматрасониҳо боло меравад.

Ифтитоҳи Маркази саломатӣ дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара 23.10.2025

Октябрь 23, 2025 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд