ПУРСИДЕД? ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Парвандаҳои маданӣ дар судҳо чӣ гуна баррасӣ карда мешаванд?

Октябрь 5, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи талаботи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Ҳокимияти судӣ дар ҷомеа нақш ва мавқеи муҳим дошта, барои таҳкиму субот ва пешрафти он саҳм мегузорад. Аз ин рӯ баррасӣ намудани парвандаҳо аз ҷониби судҳо бо тартиби қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Парвандаҳои мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар судҳо чӣ гуна баррасӣ мегарданд? Ин мавзуъро судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рошиддин Қамарзода шарҳ медиҳад.

— Яке аз вазифаҳои муҳими мурофиаи судии маданӣ- ин сари вақт риоя ва баррасӣ намудани парвандаҳо бо талаботи қонунгузории мамлакат мебошад. Ин мурофиа барои ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), ташкилоту муассисаҳо (шахсони ҳуқуқӣ), инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шудааст. Парвандаҳое, ки дар доираи мурофиаи судии маданӣ баррасӣ карда мешаванд, ба муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, манзилӣ, замин, экологӣ ва дигар соҳаҳои марбут ба ҳуқуқи хусусӣ вобастаанд.

Қонунгузории мурофиавии маданӣ ба уҳдаи судҳо баррасии саривақтӣ ва ҳалли парвандаҳои маданиро вогузор карда, вобаста аз хусусияти парвандаҳо муҳлати баррасии онҳоро муқаррар намудааст.

Тибқи талаботи моддаи 157-и Кодекси мурофиавии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои маданӣ дар муҳлати то се моҳ аз рӯзи қабули ариза аз ҷониби судя баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

Суд парвандаҳоро дар хусуси барқарор намудан ба кор, ситонидани алимент дар муҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи қабули аризаи тарафҳо аз ҷониби суд баррасӣ ва ҳал менамояд.

Масалан, ариза аз хусуси қарорҳои комиссияҳои интихобот, аз хусуси қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расиданаш ба суд дар муҳлати се рӯз бояд баррасӣ карда шавад. Агар то рӯзи интихобот камтар аз шаш рӯз монда бошад, чунин ариза бояд фавран баррасӣ карда шавад.

Қонунгузории мурофиавӣ на танҳо барои баррасии парвандаҳо дар марҳилаи якум, балки дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ низ муҳлат муқаррар намудааст.

Аз ҷумла, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ва эътирози кассатсионӣ пешниҳодшударо бояд дар муҳлати на дертар аз ду моҳи воридшавии он, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе на дертар аз як моҳи воридшавии он баррасӣ намоянд.

Барои дар марҳилаи назоратӣ баррасӣ намудани парвандаҳо низ мутаносибан чунин муҳлат муқаррар гардида, дар ин марҳила ба раиси суд ё муовини ӯ ҳуқуқ дода шудааст, ки ин муҳлатро то як моҳи дигар дароз намоянд.

Таҷрибаи судии солҳои қаблӣ нишон дод, ки дар ин самт дар фаъолияти судҳо камбудиҳо ҷой доштанд.

Вобаста ба ин, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии мамлакат 5 декабри соли 2024 дар рӯзи ифтитоҳи бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд, сари вақт тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Таҳлили таҷрибаи судӣ ва қонунгузории мурофиавии маданӣ нишон медиҳад, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Кодекси мурофиавии мадании Чумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани кашолкориҳо ва хубтар ба роҳ мондани фаъолияти судҳо дар самти баррасии саривақтии парвандаҳо мусоидат менамояд.

Дар қисми 1-и моддаи 150-и Кодекси мурофиавии мадании Чумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки судя баъди қабули ариза барои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъйинот қабул мекунад ва амалеро, ки тарафҳо, шахсони дигари иштирокчии парванда бояд анҷом диҳанд, муҳлати иҷрои ин амалҳоро барои таъмини баррасии саривақтии парванда ва ҳалли дурусти он муайян менамояд.

Дар таҷриба ҳолатҳои зиёде ба назар мерасанд, ки баъзе судяҳо бо назардошти вақти барояшон дилхоҳу муносиб барои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъйинот қабул мекунанд. Дар аксар маврид чунин таъйинот шакли қолабӣ ва хусусияти расмӣ дошта, ба баррасии саривақтии парванда мусоидат карда наметавонад.

Омӯзиши гурӯҳи гуногуни парвандаҳои маданию оилавӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт таҷрибаи якхела ҷой надошта, баъзе судяҳо ҳамон рӯзи ба мурофиаи суд қабул намудан барои муҳокимаи судӣ таъйинот қабул мекунанд. Баъзеи дигар пас аз 30 — 40 рӯзи оғози парванда ба омодасозӣ шуруъ менамоянд.

Таҳлили парвандаҳои маданию оилавӣ нишон медиҳад, ки таҷрибаи омодасозии парвандаҳо якхела нест. Баъзе судяҳо ҳамон рӯз аризаи даъвогӣ барои омодасозии парванда оғоз мекунанд, баъзеи дигар пас аз 30-40 рӯз.

Гарчанде дар ин маврид вайронкунии меъёри ҳуқуқи мурофиавӣ ҷой надошта бошад ҳам, аммо чунин тарзи ба роҳ мондани кор барои баррасии саривақтии парванда манфиатовар буда наметавонад. Зеро дар давраи омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ вобаста аз хусусияти баҳс аз ҷониби судя, тарафҳо ва дигар шахсони иштирокчии парванда бояд амалҳои зиёди мурофиавӣ гузаронида шаванд, ки барои онҳо вақти кофӣ зарур аст.

Судя баъди қабули аризаи даъвогӣ уҳдадор аст, ки дар муддати на дертар аз 7 рӯзи корӣ (бо парвандаҳое, ки муҳлати баррасиашон як моҳ аст, на дертар аз 3 рӯзи корӣ) барои омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ таъйинот қабул намуда, амал ва муҳлатеро, ки тарафҳо ва шахсони дигари иштирокчии парванда бояд анҷом диҳанд, муқаррар намояд.

Дар қонунгузорӣ муқаррар кардани чунин муҳлат масъулияти судяҳоро зиёд намуда, барои сари вақт баррасӣ намудани парванда ва қонунию асоснок ҳал гардидани он манфиатовар мебошад.

Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки дар баъзе мавридҳо ҷавобгарон бо сабабу баҳонаҳои беасос (аз ҷумла, гӯё аризаи даъвогӣ ба онҳо супурда нашуда ё сари вақт супурда нашуда бошад), мавқеи худро нисбат ба даъво муайян накарда, бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа ҳангоми моҳиятан баррасӣ намудани парванда аризаи даъвогии муқобили даъво ё дигар дархостҳое пешниҳод менамоянд, ки метавонистанд онҳоро бе ягон мушкилӣ пас аз гирифтани нусхаи аризаи даъвогӣ (ариза) дар давраи омодасозии парванда пешниҳод намоянд.

Яке аз сабабҳои чунин муносибат он аст, ки қонунгузории мурофиавӣ бевосита барои иҷрои амалҳои муайяни ҷавобгар дар давраи омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ муҳлат муқаррар накардааст.

Аз ин рӯ, дар қонунгузории мурофиавӣ барои аз ҷониби судя ба ҷавобгар супурдани аризаи даъвогӣ ва аз тарафи ҷавобгар ба таври хаттӣ ба суд пешниҳод намудани мавқеаш нисбат ба даъвои (аризаи) пешниҳодшуда (эътирофи даъво, изҳори норозигӣ, пешниҳоди аризаи даъвогии муқобили даъво ва ғайра) муқаррар намудани муҳлат барои баррасии дуруст ва саривақтии парвандаҳо натиҷаи хуб медиҳад.

Дар ҳолати муқаррар намудани муҳлат, ки он дар ҳеҷ маврид ҳуқуқи ягон шахс ба ҳифзи судиро халалдор намесозад, судя, худи ҷавобгар, тарафҳо ва шахсони иштирокчии парванда масъулиятро бештар эҳсос мекунанд.

Ҳангоми омодасозии парванда ба муҳокима ҷавобгар ё намояндаи ӯ вазифадор аст, ки на дертар аз 10 рӯзи корӣ (ё 5 рӯзи корӣ барои парвандаҳое, ки муҳлати баррасии онҳо 1 моҳ аст) аз рӯзи гирифтани аризаи даъво мавқеи худро нисбат ба даъво муайян карда (яъне розигӣ диҳад, норозигӣ изҳор намояд ё даъвои муқобил пешниҳод кунад) ва онро ба суд пешниҳод намояд.

Агар шахс бе ёрии суд натавонад далелҳоро гирад, пас бояд дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи рад шудани дархости далел ба суд дархост пешниҳод кунад, то суд кумак кунад, ки он далелҳоро ба даст биёрад.

Дар моддаи 140-и Кодекси мурофиавии мадании Чумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки «агар ҷавобгар нисбат ба даъвогар аризаи даъвогии муқобили даъво пешниҳод карданӣ бошад, уҳдадор аст дар муддати на дертар аз 10 рӯзи корӣ (бо парвандаҳое, ки муҳлати баррасиашон як моҳ аст) аз рӯзи гирифтани аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд, ки он якҷоя бо аризаи даъвогии ибтидоӣ баррасӣ карда мешавад. Пешниҳоди аризаи даъвогии муқобили даъво тибқи қоидаҳои умумии пешниҳоди аризаи даъвогӣ амалӣ мешавад».

Судя ё ҷавобгар вазифадоранд амалҳоро дар муҳлати муайян иҷро кунанд, ки ин барои адолати судӣ мушкил эҷод намекунад. Чунин тартиб боиси сари вақт ва дуруст ҳал гардидани парвандаҳои маданию оилавӣ гардида, эътимоду боварии мардумро ба ҳокимияти судӣ меафзояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар фаъолияти судҳо нақши забон амиқу дақиқ дарҷ шудааст»
Ҷаласа доир ба таъсиси Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии кишварҳои аъзои ИДМ ба кори худ оғоз намуд
«ЗАБОН-ҲАСТИИ МИЛЛАТ». Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад
НАМУНАИ ИБРАТ. Раиси ноҳияи Восеъ ва раиси Ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ писаронашонро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Дар Тоҷикистон шумораи аҳолии аз 100-сола боло 415 нафарро ташкил медиҳад
1 ОКТЯБР — РӮЗИ ПИРОНСОЛОН. Таъмини зиндагии шоиста барои онҳо афзалияти сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон аст
«МАН БА ХИЗМАТ МЕРАВАМ». Таҳти ин унвон дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли 2025 шумораи мусофиркашонӣ тавассути нақлиёт 10,2 фоиз афзудааст
Масъалаи омодасозии лоиҳаи шартӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Тоҷикистонро дар моҳи октябр чӣ гуна ҳаво интизор аст?