РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии кураи Замин ба кӯчиши парандагон таъсир расонидааст

ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим ва гармшавии кураи Замин солҳои охир ба олами парандагон, хусусан парандаҳои муҳоҷир, ки дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ кӯчиш мекунанд, таъсир расонидааст»,-чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хурсанд Талбонов дар робита ба Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир /World Migratory Bird Day/, ки ҳамасола шанбеи дуюми моҳи октябр ид карда мешавад.
Коҳиш раванди кӯчиши парандаҳо
Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки даҳсолаҳои қабл парандаҳо аз дигар давлатҳо барои зимистонгузаронӣ бештар ба Тоҷикистон кӯчиш мекарданд, аммо солҳои охир бо сабаби гармшавии ҳаво баъзе намудҳои парандаҳо, ба монанди мурғобишаклон, парандагони даранда, зоғмонандҳо, фароштурукҳо, сочҳо ва ғайраҳо коҳиш ёфта, бо шумораи хеле кам ба қайд гирифта мешаванд. Ин раванд бозгӯи он аст, ки тағйирёбии иқлим ва гармои бесобиқа ба кӯчиши парандагон таъсир расонидааст.
Конвенсияи байналмилалии муҳофизати парандагон
19 марти соли 1902 «Конвенсияи байналмилалии муҳофизати парандагон -муҳофизаткунандаи зироати кишоварзӣ» пешниҳод гардид, ки 11 октябри соли 1905 он ҳукми қонунӣ гирифт. Баъдтар 18 октябри соли 1950 он ба «Конвенсияи байналмилалии муҳофизати парандагон» дар шаҳри Париж иваз карда шуд. Рӯзи ҷаҳонии парандагони муҳоҷир шанбеи дуюми моҳи май ва шанбеи дуюми моҳи октябр ид карда мешавад. Ин сана барои фарогирии мавсими муҳоҷирати парандагон дар фаслҳои баҳор ва тирамоҳ интихоб шуда, аз ҷониби Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) дастгирӣ карда мешавад.
Парандаҳои муқимии Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тибқи маълумот ва мушоҳидаҳои олимон солҳои охир беш аз 410 намуди паранда мавҷуд аст, ки ба 17 қатору 56 оила мансубанд. Дар ҷумҳурӣ 82 намуди парандаи муқимӣ, аз ҷумла мурғобии хурд, бози муқаррарӣ, тазарви тоҷикӣ, мурғаки найзор, кабутари кабудранг, харкафтар, мусичаи хурд, мусичаи ҳалқадор, бумчаи хонагӣ, бум, кабутак, эзорсурхак, ҷури пупибор, калзоғ, зоғи сиёҳ, зоғча, алоакка, буттагардаки шимолӣ, дурроҷи сиёҳ, майна, гунҷишки туркистонӣ ва ғайра ба қайд гирифта шудаанд.
Дар Тоҷикистон 108 намуд паранда, аз ҷумла мурғобии ёбоӣ, мурғобии ҳуштаккашак ва ларзонак, дарафшдум, мурғобии нӯлпаҳн, луток, сапсан, шоҳин, дербник, чеглок, уқоби пакана, уқоби морхӯр, турнаи хокистарранг, лойхӯраки калон, шорак ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Парандагони лонагузор
Инчунин 142 намуд парандагони лонагузор, ба мисли мургобии хурд, бози муқаррарӣ, лаклаки сафед ва сиёҳ, тазарви тоҷикӣ, мурғаки найзор, кабутари кабудранг, харкафтар, мусичаи хурд, мусичаи ҳалқадор, бумчаи хонагӣ, бум, кабутак, эзорсурхак, ҷури пупибор, калзоғ, зоғи сиёҳ, зоғча, алоакка, буттагардаки шимолӣ, дурроҷи сиёҳ, майна ва гунҷишки туркистонӣ мавҷуд мебошанд.
Инчунин 80 намуди парандагон, аз қабили мурғобии калон, мурғобии ҳуштаккаш, мурғобии хокистаранг, мурғобии нӯлсурхак, мурғобии сурх, уқобҳо ва парандаи соҳибчангол, шабкараи саҳроӣ ва ботлоқӣ, гавдара, мурғаки найзор, моҳихқракҳои кабудранг, қаҳваранг ва баҳрӣ барои зимистонгузаронӣ ба Тоҷикистон меоянд.
Тоҷикистон — ҳудуди кӯчиши парандагони минтақаи Осиё
Ба андешаи Хурсанд Талбонов, ҳудуди Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии кӯчиши парандагон дар минтақаи Осиё мебошад. Ин аст, ки аз байни қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ҳазорҳо парандагон дар фаслҳои гуногуни сол кӯчиш карда, ба шимол ё ҷануб мераванд.
45 намуд парандаи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 намуд парандагоне, ки зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд, дохил карда шудаанд. Ин парандагон лаклаки сафед, лаклаки сиёҳ, ғози ҳиндӣ, каргаси ҳимолоӣ, каргаси сиёҳ, мурғи ҳумо, уқоби морхӯр, уқоби моҳихӯр, дубародарон, шоҳуқоб, уқоби пакана, турумтойи ҳимолоӣ, бози туркистонӣ, бози муғулӣ, шоҳин, чил, ҷиркабк, мурғи ҳилоли тибетӣ, тазарви тоҷикӣ, тазарви зарафшонӣ, тазарви сирдарёӣ, дуғдоғ, дуғдоғи зебо, лойхӯраки даштӣ, лойхӯраки такир, доснӯл, лойхӯраки марғӣ, моҳихӯраки хокистарранг, кабӯтари синасафед, фохтак, мурғи сахо, саҷдаи тибетӣ, досаки хурд, зоғобӣ, дуҷҷи ало, дуҷҷи кабуд, дуҷҷи обӣ, дурроҷи якранга, буттагардаки осиёимиёнагӣ, найзоргардаки нӯлкалон, найзоргардаки нӯлдароз, товусаки биҳиштӣ, пашшахӯраки зарддум, чархресаки нақшин ва сочи Брамин мебошанд.
«Бешаи палангон» — макони сукунати парандаҳои муҳоҷир
Соҳилҳои кӯлу дарёҳо ва обанборҳо, инчунин ҳудудҳои мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон, ба мисли «Бешаи палангон», Резервати биосферии «Ромит», «Дашти Ҷум» ва «Зоркӯл» ба макони сукунати парандагони муҳоҷир ва ҳам муқимӣ табдил ёфтаанд. Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» давоми сол 242 намуд паранда ба қайд гирифта шудааст. Сабаби зиёд вохӯрдани парандагон дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» он аст, ки мамнуъгоҳ минтақаи муҳофизатшаванда буда, дар он биотопҳои ҷангал, обию ботлоқӣ, биёбонӣ ва ғайраҳо барои шабгузаронӣ ва истироҳату сукунати парандагон мавҷуданд.
Лонагузории ғози кӯҳӣ, соч, фароштурук ва дуғдоғҳо
Дар ҷумҳурӣ давоми сол парандагон минтақаҳои зисташонро бо сабабҳои гуногун иваз мекунанд. Мисол, барои лонагузорӣ дар мавсими баҳор ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон ғози кӯҳӣ ва сочҳо, аз Покистон достакҳою фароштурукҳо, аз Эрону Арабистон дуғдоғҳо, аз Сибир сангобдавакҳо села-села парида меоянд. Парандагоне, ки зимистонро дар Тоҷикистон мегузаронанд, мурғобиҳо, калхотҳо, шурнӯлҳо, зоғчаҳо, сангобдавакҳо мебошанд ва баръакс, ба минтақаи Сибири Русия барои лонагузорӣ парида мераванд.
Ҷомеаи ҷаҳон бояд парандагони муҳоҷирро ҳифз намояд. Ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии парандагони муҳоҷир баланд бардоштани огоҳии ҷомеаи ҷаҳон оид ба ҳифзи парандагони муҳоҷир ва макони зисти онҳо, роҳҳои кӯчиш ва тарзи сукунати ин парандагон, дар маҷмуъ ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи олами парандагон мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз