РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. 300 ҷавони шаҳри Турсунзода ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд

Октябрь 1, 2025 19:30

ТУРСУНЗОДА, 01.10.2025/АМИТ «Ховар»/. Зимни ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар шаҳри Турсунзода 300 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардиданд, ки ин 60 фоизи нақшаи даъватро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард мебошад. Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар ҷавон мебошад. Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад».

Тибқи иттилои масъулини комиссариати ҳарбии шаҳри Турсунзода, аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» 220 нафар ҷавонон аз даври омӯзишии ронандагӣ гузашта, имрӯз ҳамчун мутахассис-ронанда ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд.

Волидайни даъватшавандагон дар маросими гусели фарзандонашон изҳор доштанд, ки «мо шукронаи сулҳу амонии мамлакатамонро мекунем, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобаста мебошад. Хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромию осоиштагии сарзамини муқаддас барои ҳар шаҳрванди ин мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон қарзи ҷавонмардӣ мебошад. Аз ин рӯ ба хотири пойдор мондани сулҳу субот, оромию тинҷӣ ва ҳимояи Ватан-Модар мо фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, имрӯз бо ифтихори баланд ба сафи Артиши миллӣ гусел менамоем».

Баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ даъватшавандагонро дар фазои тантанавӣ бо анъанаи неки «Кулчагазон»-у дуои неки модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Октябрь 1, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид