РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 октябр, дар Рӯзи даъватшаванда Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро 101 фоиз иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Субҳи имрӯз сокинони шаҳри Хоруғ — аз хурд то бузург ба кӯчаю хиёбони марказӣ баромада, бо баргузории роҳпаймоӣ ҷавонписарони синни даъватиро то боғи фарҳангию фароғатии шаҳр ҳамроҳӣ карданд. Дар ин ҷо бо иштироки раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини идораву муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наваскарону волидайни онҳо ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ба ҳамаи даъватшавандагон ва волидайни онҳо барои сари вақт ҳозир шудан ба комиссариатҳои ҳарбӣ ва дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.
Изҳор гардид, ки хизмат дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон далели дарки амиқи рисолати шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати гарму самимии ҷавонон нисбат ба Ватан-Модар мебошад.
Соли ҳаштум аст, ки ҷавонони шуҷоъ ва далери Бадахшон маъракаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал ҷамъбаст намуда, барои хизмати содиқона ба Ватан раҳсипор мегарданд. Хизмат кардан ба Ватан- ин хизмат ба падару модар буда, рамзи оромию хонаободии рӯзгори ҳар сокини ҷумҳурӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари беҳтар гардидани шароити маишии афсарону сарбозон ҳамзамон дар қисмҳои ҳарбии ҳама сохторҳои низомии мамлакат шароити хуби будубош ва адои хизмат фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавони худогоҳу хештаншинос ва поквиҷдону боиродаро зарур аст, ки вазифаи аввалиндараҷаи хеш- хизмат ба Ватанро вазифаи шаҳрвандию инсонӣ дониста, ин рисолати бузурги ҷавонмардиро бо масъулияти баланд иҷро намояд.
Маросими гусели наваскарон бо барномаи фарҳангӣ ба анҷом расид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






