Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 муайян гардиданд

Октябрь 25, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 25.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025, ки аз 4 то 11 ноябр дар шаҳри Риёз баргузор мешаванд, иштирок хоҳад кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, тибқи қуръакашӣ, дастаи мо дар гурӯҳи «B» ҷойгир шуда, бо дастаҳои яккачини Эрон, Марокаш ва Афғонистон рақобат менамояд.

Ҳар се дастае, ки Тоҷикистон бо онҳо бозӣ мекунад, иштирокчиёни Ҷоми ҷаҳон-2024 дар Узбекистон буданд.

Иштирок дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мебошад, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 25, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад