Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Шукрона»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Шукрона»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 3 ошёна ва 20 ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад ва барои 400 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон дар бинои асосии муассиса ҳуҷраҳои тадбирҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, толори бозии кӯдакон, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир аст.
Масоҳати умумии иншооти таълимӣ 800 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари муассиса майдончаи варзишӣ сохта шудааст. Саҳни бино пурра сафолакпӯш гардида, атрофи он бо гулу дарахтони сояафкан оро ёфтааст.
Иншооти соҳаи маориф аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд гардида, ҳамчунин, дорои нуқтаи гармидиҳӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли ҷорӣ оғоз гардида, дар мудати 9 моҳ бо сифати баланд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ сохта шудааст.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбият намудани насли ояндасози миллат ба омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бунёди чунин бинои наву замонавӣ дар ноҳияи Данғара туҳфаи арзишманд аз ҷониби Роҳбари давлат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия арзёбӣ карда шуд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Маркази нави саломатиро ба истифода доданд
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо ифтитоҳи корхонаи хишт оғоз ёфт






