Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Шумораи сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 10.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 октябр зимни изҳороти матбуотӣ барои намояндагони воситаҳои ахбори омма аз рӯйи натиҷаҳои музокирот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба зарурати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи наздикшавии мардумони ду давлат, бахусус ҷавонон таъкид намуданд.
«Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки солҳои охир шумораи сайёҳони аз Русия ба Тоҷикистон воридшаванда афзоиш ёфтааст», — иброз доштанд Сарвари давлат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ёдовар шуданд, ки «мо зарурати идома додани омодасозии мутахассисонро дар соҳаҳои театр ва синамо дар муассисаҳои пешбари таълимии тахассусии Русия таъкид намудем».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид






