Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди муносибатҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд.
Ба амалишавии 42 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, алоқаи ҳавоӣ, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро фаро мегиранд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аз тавсеаи ҳамкории амалии доираҳои соҳибкории ду ҷониб истиқбол карда шуд.
Ҷалби маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзноки фондҳо ва муассисаҳои молиявии Қатар барои татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти милливу минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика ба мақсад мувофиқ шумурда шуд.
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои рушди ҳамкории дуҷониба ва таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” байни ду кишвари дӯст аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.
Ба масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ низ таваҷҷуҳ карда шуд.
Барои роҳандозӣ ва омӯзиши таҷрибаи Қатар оид ба низоми бонкдории исломӣ изҳори омодагӣ карда шуд.
Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд сурт гирифт.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






