Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд

Октябрь 15, 2025 13:15

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Академияи илмҳои Шоҳигарии Шветсия рӯзи душанбе тасмим гирифт, ки ҷоизаи Бонки давлатии Шветсияро дар бахши илмҳои иқтисодӣ ба поси хотири Алфред Нобел барои соли 2025 ба Ҷоэл Мокир, Филипп Агион ва Питер Ховитт тақдим намояд.

Нисфи мукофот ба Ҷоэл Мокир «барои муайян кардани шартҳои пешрафти устувори тараққиёти техникӣ» дода мешавад. Қисмати дигарро Филипп Агион ва Питер Ховитт «барои назарияи рушди устувор тавассути нобудсозии эҷодӣ» байни ҳам тақсим менамоянд.

Тавре аз академия хабар доданд, ҷаҳон давоми ду асри охир рушди бесобиқаеро аз сар гузаронид, ки асосан тавассути ҷараёни пайвастаи навовариҳои технологӣ ба вуҷуд омадааст. Се гирандаи ҷоиза бо истифодаи усулҳои гуногун фаҳмониданд, ки чаро ин гуна пешрафт имконпазир гардидааст ва барои давом додани он чӣ чиз зарур аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 15, 2025 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд