«ШАҲРҲОИ ОЯНДА: БЕХАТАР, САБЗ ВА ҲУШМАНД». Дар ҷаласаи махсуси Форуми «Dushanbe Invest – 2025» 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Октябрь 16, 2025 09:34

ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» таҳти унвони «Шаҳрҳои оянда: бехатар, сабз ва ҳушманд» ҷаласаи махсуси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни он 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум байни намояндагони давлатӣ, шарикон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба маблағи умумии 5 миллиарду 417 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар ҷаласа намояндагони шаҳрҳои Осиё, созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон, шарикони рушд ва доираҳои тиҷоратии зиёда аз 50 кишвари дунё иштирок намуданд.

Ҷаласа талошҳои шаҳри Душанберо барои таъсиси шаҳрҳои муосир, сабз, ҳушманд, экологӣ ва технологӣ, ки барои ҳамкории байналмилалӣ кушодаанд, таъкид намуд. Ҷаласа бо муаррифии навори кӯтоҳ вобаста ба дастовардҳо ва имконияти сармоягузории Душанбе ва расонидани паёми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ оғоз ёфт.

Зимни сессияи якум дар мавзуи «Пойтахтҳои Осиё ҳамчун муҳаррикҳои рушд ва пешрафт» роҳбарон ва намояндагони шаҳрҳои Осиё, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон нақши шаҳрҳои замонавиро дар таъмини рушди устувор, инфрасохтори бехатар ва сабз, рақамисозии муҳити шаҳрӣ ва ташкили инфрасохтори бароҳат баррасӣ карданд.

Сессияи дуюми ҷаласа «Сармоягузорӣ ба Душанбе — пойтахти фардо» таҳти модератории директори байналмилалии таҳририи Beyond Investments Group Леандро Словински баргузор гардид.

Дар он намояндагони ширкатҳои сармоягузори муваффақ ва бонкҳои пешрафта, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто гурӯҳ», “Coca-Cola-нӯшокиҳои Тоҷикистон”, Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд», “Freedom Bank Tajikistan”, “Rox Group” (Ветнам) ва “K-Ict” (Кореяи Ҷанубӣ) иштирок намуданд.

Ҳуҷҷатҳои имзошуда ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои инфрасохтори шаҳр, корхонаҳои саноатӣ, сохтмони меҳмонхона ва марказҳои бузурги савдо (гипермаркет) ва технологияҳои инноватсионӣ равона карда шуда, саҳми муҳим дар рушди устувори пойтахт хоҳанд буд.

Шоми 15 октябр дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сокинони пойтахт ва иштирокчиёну меҳмонони форум намоиши ҳунарҳо, хӯрокҳои миллӣ ва чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки сарояндаҳои дохил ва хориҷи Тоҷикистон баргузор карда шуд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Октябрь 16, 2025 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд