Таҳти унвони «Илм ва таҳсилот баҳри солимии миллат» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид

Октябрь 31, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 31.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи 73-юми солонаи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Илм ва таҳсилот баҳри солимии миллат» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.

Дар кори конференсия олимону табибони ватаниву хориҷӣ доир ба бемориҳои неврологӣ, санги гурда, бемориҳои дарунӣ, эндокринология, бемориҳои пӯст, сироятӣ, гӯш, гулӯ, бинӣ, чашм ва дигар масъалаҳои соҳаи тиб мубодилаи афкор намуданд.

Ҳадафи баргузории конференсияи илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон мебошад. Инчунин дар доираи ин ҳамоиш масъалаи, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассисаҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик баррасӣ мегарданд.

Гуфта шуд, ки фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқиқочиёну пажӯҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд.

Ҳамчунин дар ҷараёни конференсия масъалаҳо оид ба технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назариявӣ ва клиникӣ ва татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ гардиданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Октябрь 31, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд