ТОҶИКИСТОН ДАР САРХАТИ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар мавриди қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ

Октябрь 8, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2025 қатъномаи таърихии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ тахти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Ин ташаббуси ҷаҳонӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардид.

— Ин санади муҳим бозгӯи нақши фаъол ва ташаббускори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ буда, ҷанбаи нав ва масъулиятталаби сиёсати хориҷии мамлакатро нишон медиҳад.

Иқдоми мазкур, ки имрӯз ба қатъномаи расмии Созмони Милали Муттаҳид табдил ёфтааст, бо пуштибонии якдилонаи кишварҳои аъзо пазируфта шуда, дар ташкили заминаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ (artificial intelligence) қадами муҳими сиёсӣ арзёбӣ мегардад.

Қабули он дар сатҳи глобалӣ баёнгари боварии ҷомеаи байналмилалӣ ба мавқеи фаъоли Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.

Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи зеҳни сунъӣ ҳамчун раванд ва воситаи муҳим дар рушду суботи ҷаҳонӣ матраҳ гардид. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонии ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёт истифодаи оқилона ва одилонаи технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ба масъалаи рӯз табдил ёфтааст. Пешвои миллат бо нигоҳи дурбинона ва воқеъбинона ин ҷараёнро пешбинӣ намуда, дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди ташаккули заминаи ҳуқуқӣ ва этикӣ барои танзими рушди ин равандро баррасӣ намуданд.

Тоҷикистон, ки дар арсаи байналмилалӣ бештар бо ташаббусҳои соҳаи об, иқлим ва амнияти ҷаҳонӣ шинохта мешуд, имрӯз бо ин иқдоми нав – ташаббуси танзими зеҳни сунъӣ вориди марҳилаи нави иштироки фаъол дар муколамаи глобалӣ гардид. Қатъномаи пешниҳодшуда даъват мекунад, ки ҳама кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар таҳия ва татбиқи сиёсати умумии танзими зеҳни сунъӣ бо назардошти арзишҳои башарӣ ва ҳуқуқи инсон саҳм гузоранд.

Қатъномаи қабулшуда дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид на танҳо рамзи муваффақияти дипломатии Тоҷикистон аст, балки оғози марҳилаи нави масъулият ва иштироки фаъолонаи кишварҳо дар муҳокима ва таҳияи механизмҳои байналмилалӣ мебошад. Ин ташаббус метавонад ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии бештар дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.

Қатънома зарурати истифодаи бехатар ва масъулиятноки зеҳни сунъиро таъкид намуда, ба рушди механизмҳои худтанзимкунӣ ва мудирияти оқилонаи ин технологияҳо дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ даъват мекунад.

Ин ташаббус ба равандҳои ҷаҳонии рақамикунонӣ ва паҳншавии босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ посухи саривақтӣ дода, роҳи ташаккули низоми умумибашарии танзими соҳаи навро мекушояд.

Аз ҷумла, қатънома зарурати истифодаи самарабахши зеҳни сунъӣ барои таъмини рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанберо ҳамчун яке аз механизмҳои амалии ҳамкорӣ дар ин самт пешниҳод мекунад.

Маркази номбурда метавонад ба ҳамоҳангсозии ташаббусҳои минтақавӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои рушди босифати зеҳни сунъӣ кумак намояд.

Бояд гуфт, ки Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ба тезонидани раванди татбиқи ташаббусҳои асосии марбут ба зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла самтҳои зерини марбут мусоидат хоҳад кард:

— пешбурди барномаҳои муштараки омӯзиши мутахассисон ва дастгирии стартапҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни паркҳои технологӣ дар минтақа;

— ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ байни донишгоҳҳо, муҳаққиқон ва озмоишгоҳҳои минтақа;

— ташкили шабакаи муштараки марказҳои ҷамъоварии маълумот барои афзоиши дастрасӣ ба зерсохтори ҳисоббарорӣ дар кишварҳои минтақа;

— ҳамоҳангсозии талошҳои миллӣ бо мақсади қабули принсипҳои умумии мудирияти ҳамоҳангшуда, масъулиятнок ва худтанзимкунии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ;

— пешбурди ташаббусҳои марбутаи ҷаҳонӣ бо шарикони байналмилалӣ.

Таҳияи чунин рӯйкардҳои мукаммал на танҳо барои кишварҳои минтақа аҳамияти бузург дорад, балки метавонад барои дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамчун намунаи ибрат ва таҷрибаи муваффақ хизмат кунад.

Ҳамин тариқ, қабули қатъномаи мазкур нақши муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва аҳамияти таърихии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд.

Дар маҷмуъ, ин қатънома барои ташкили низомҳои бехатар ва боэътимод дар соҳаи зеҳни сунъӣ замина мегузорад, ки дар он тавозуни байни танзим, навоварӣ ва худидоракунии дохилӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дар замони муосир, ки ҷаҳон бо суръати бесобиқа ба сӯи рақамикунонӣ ҳаракат мекунад, ҳар ҷомеаи пешрафта кӯшиш менамояд, то дар паҳлуи таҳкими пояҳои миллӣ ва сиёсӣ ҳамзамон технологияи иттилоотиро ба манфиати рушди давлат ва ҷомеа истифода барад. Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор намонда, дар асоси ваҳдату суботи сиёсӣ ва фазои ороми ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила ба сӯи ҷомеаи рақамӣ қадам мегузорад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳои миллӣ ва гузариш ба низоми рақамикунонӣ, таъсис ва густариши ҳукумати электронӣ, фароҳамсозии инфрасохтори рақамӣ, боло бурдани саводнокии рақамии аҳолӣ ва дастрасии бештари шаҳрвандон ба хидматрасониҳои онлайн марҳила ба марҳила амалӣ мешаванд.

Солҳои охир бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо ба марҳилаи нави рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ қадам гузоштааст. Созмонҳо ва муассисаҳои давлатӣ тадриҷан ба хизматрасониҳои электронӣ мегузаранд, таҳсилоти фосилавӣ ва онлайн, бонкдории рақамӣ, платформаҳои савдои электронӣ ва дигар навовариҳо дар ҳаёти мардум роҳ меёбанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2024 ба гузариш ба низоми рақамикунонии бахшҳои иқтисоди мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ бобати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодию молиявӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатиро масъалаи аввалиндараҷа шумориданд.

Ҳоло дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, нақлиёт, энергетика, маориф, саноат ва робитаҳои байналмилалӣ амалишавии технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла технологияҳои зеҳни сунъӣ баръало мушоҳида мегардад. Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои савдо ва нақлиёт, пешниҳоди қарзҳои хурд бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, таъсиси корхонаҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии раванди таълим, баҳодиҳии автоматии қарзгиранда оид ба қобили пардохт будани он ва пешниҳоди қарзҳои хурд, пешбинии ҳолатҳои камшавии мизоҷон, шинохти матн ва таснифоти ҳуҷҷатгузорӣ заминаҳои муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд.

Дар мамлакат «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шудаанд. Илова бар ин, «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» қабул гардиданд. Ин барномаю консепсияҳо ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ, роҳёбии бештар ба бозори ҷаҳонӣ тавассути рақамикунонии соҳа, таъмини низоми содакардашудаи савдои электронӣ, содагардонии расмиёти савдо ва ҷалби сармояи хориҷӣ равона шудаанд.

Дар «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022 тасдиқ карда шудааст (минбаъд — Стратегия), зеҳни сунъӣ чун низом ё таҷҳизоти компютерӣ, ки қодир аст қобилияти зеҳнӣ ва таҳлилии инсонро барои иҷрои вазифаҳои муайян такрор намояд, эътироф карда мешавад (б.9).

«Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат таҳия карда шудааст.

Ҳадафи асосии Стратегия дар давраи амалишавӣ то ба 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад.

Самтҳои афзалиятноки Стратегия аз ҳадафу афзалияти мамлакат, ки дар доираи стратегия ва барномаҳои сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ инъикос гардидаанд, бармеоянд (б.55):

— ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо;

— ҳушмандсозии шаҳрҳо (Smart city) ва идоракунии ҳушманд;

— рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ;

— саноатикунонии босуръати мамлакат ва рақамикунонии бахши воқеии иқтисодиёт.

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, то соли 2030 маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорисозӣ ва истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ 14 фоиз ё 15,7 триллион доллар афзоиш меёбад. Афзоиши мазкур асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат ва зиёд шудани талаботи истеъмолӣ дар натиҷаи мукаммал шудани раванди истеҳсоли молҳо таъмин мегардад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ ояндаи наздик ҷойҳои корие, ки меҳнати заҳматталаби эҷодӣ талаб намекунанд, барҳам хӯрда, аз тарафи дигар дар натиҷаи афзоиши ҳосилнокӣ ва самаранокии меҳнат, инчунин талабот ба барномасозон ҷойи кори иловагӣ таъсис дода мешавад. Тибқи пешгӯиҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, то охири соли 2022 дар натиҷаи таъсири зеҳни сунъӣ 75 миллион ҷойи кор барҳам хӯрда, таъсиси 133 миллион ҷойи нави кор дар назар аст.

Мутобиқи ҳисоботи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ «Раванди рушди технологӣ: зеҳни сунъӣ» аз соли пайдоиши мафҳуми зеҳни сунъӣ (соли 1956) то соли 2019 ихтироъкорон ва олимон 340 ҳазор дархост барои гирифтани патент пешниҳод намуда, 1,6 миллион кори илмиро дар ин самт ба нашр расониданд. Суръати патенткунонии ихтироот дар соҳа баланд арзёбӣ гардида, аз нисф зиёди ихтироот баъди соли 2013 нашр гардидаанд.

Коршиносони иқтисодӣ арзёбӣ мекунанд, ки аз ҳисоби татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ кишварҳои пешрафта нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишоф имкони гирифтани даромади иқтисодии зиёдтар доранд. Кишварҳои пешрафта аз ин ҳисоб метавонанд 20-25 фоиз фоидаи иловагии иқтисодӣ ба даст оранд, аммо ин нишондиҳанда барои кишварҳои рӯ ба инкишоф аз 5 то 15 фоизро ташкил медиҳад.

Албатта, амалишавии чунин ҳадафҳо бе омодасозии кадрҳо ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ғайриимкон аст. Вобаста ба ин, Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 дастур доданд, ки ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар асри иттилооту рақамисозӣ рушди сармояи инсонӣ омили асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ ва рақобатпазирии давлатҳо ба шумор меравад. Дар ин раванд омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо дар самти технологияҳои иттилоотӣ- ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

Илова бар ин, баланд бардоштани сатҳи маърифати рақамӣ ва фарҳанги истифодаи технологияҳои муосир дар байни шаҳрвандон, хусусан насли наврасу ҷавон на танҳо барои мутобиқшавӣ ба ҷаҳони рақамӣ зарур аст, балки ҳамчун заминаи муҳими рушди устувори миллӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии мамлакат низ хизмат мекунад.

Дар ҷаҳони муосир, ки бо суръати бесобиқа ба сӯи технология ва рақамикунонӣ ҳаракат мекунад, омӯзиш ва тарғиби фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аҳамияти хосса касб намудааст. Пешрафти соҳаҳои муҳандисӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсия ва иқтисоди муосир торафт бештар ба сатҳи саводи техникӣ ва қобилияти тафаккури мантиқии насли нав вобаста мегардад.

Бо дарки амиқи ин зарурат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои дақиқу табиӣ тавассути иқдоми стратегӣ ва барномаҳои ҳавасмандсозӣ амалӣ карда мешавад.

Яке аз ташаббусҳои муҳим дар ин самт, ки бо дастгирии Президенти Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад.

Ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ҳар сол доир намудани озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 ба рушди тафаккури техникӣ ва маҳорати илмии ҷавонон мусоидат менамояд.

Барои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён соли 2025 ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, барои ғолибони озмун 24 ҷой зиёд карда шуд. Яъне, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой расонида шуд.

Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар мамлакат рақамикунонии бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва ифтитоҳи марказҳои инноватсионию рақамӣ аз ҷониби роҳбарияти мамлакат идома дорад.

7 апрели соли 2025 аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин парки IT дар пойтахт – ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» ифтитоҳ гардид, ки ҳадаф аз он рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии соҳибкории рақамӣ мебошад.

Лоиҳаи мазкур қадами муҳим дар самти рушди иқтисоди рақамии мамлакат буда, ҷавонон ва соҳибкорони соҳаи технологияро ба таври назаррас дастгирӣ менамояд.

IT Park ба стартапҳо ва ширкатҳои IT имконияти беназир барои кор дар фазои рақамии муосир, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва пешбурди маҳсулоти инноватсионии рақамиро фароҳам меорад.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июни соли 2025 дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз ҳамчунин маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI”-ро ифтитоҳ гардид. Стратегияи асосии марказ тавассути ҳисоббарории зеҳни сунъӣ бо арзиши то 8 маротиба баланд тадбил додани фурӯши неруи барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба кишварҳои дуру наздик мебошад.

Чунин пешравиҳои технологию инноватсионӣ дар фазои амн ва сулҳу оромӣ пайваста амалӣ мегарданд. Дар робита ба ин ҳузури Тоҷикистон дар фазои рақамии ҷаҳонӣ тақвият ёфта, замина барои ворид шудани шаҳрвандон ба ҷаҳонбинии технологӣ ва иттилоотии нав фароҳам гардидааст.

Ҳамин тариқ, қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ барои мамлакат муваффақияти бузурги сиёсӣ, илмию дипломатӣ ва стратегӣ маҳсуб мешавад. Ин далели равшани он аст, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар радифи давлатҳои ташаббускор ва ояндасоз қарор дорад.

Тоҷикистон бо ин ташаббус нишон дод, ки омода аст нақши масъули ҷаҳониро ба уҳда гирад.

Фирӯзҷон ҒАФФОРОВ,
муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»/бойгонии муаллиф

Октябрь 8, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ фаъолият дорад
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Таҷрибаи занони вилояти Суғд дар самти соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ намунаи ибрат аст
Дар муассисаҳои олии Тоҷикистон 244 шаҳрванди Федератсияи Русия таҳсил доранд
Федератсияи Русия ба муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 800 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ мефиристад
28 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Федератсияи Русия таҳсил доранд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 434 довталаб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифт
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабон дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ эълон гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Маркази забони кореягӣ ифтитоҳ ёфт
«ЗАБОН ДОНӢ — ҶАҲОН ДОНӢ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯйи 12 равия қадрдонӣ карда шуданд
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид