Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси чоруми Душанбе дар соли 2026 ҳамчун вохӯрии калидии омодагӣ барои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки натиҷаҳои конфронси соли 2023-ро ҷамъбаст мекунад ва роҳро барои конфронси соли 2028 муайян ва ҳамвор месозад, хизмат хоҳад кард. Чунин гуфта шуд зимни брифинг, ки 18 март дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Намояндаи масъули Котиботи конфронс оид ба ташкили форумҳо Рустам Абдуллоев изҳор дошт, ки ин силсилачорабиниҳо ба таври возеҳ бозгӯи онанд, ки Раванди оби Душанбе ба платформаи муҳими ҷаҳонӣ барои муколама, шарикӣ ва амал дар соҳаи захираҳои об табдил ёфтааст.
«Ҳадафи умумии Конфронси чоруми Душанбе дастгирӣ дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мебошад.
Гуфта шуд, ки Конфронси чоруми оби Душанбе ба чор ҳадафи мушаххас, аз ҷумла омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки ҳамраисони он Сенегал ва Аморати Муттаҳидаи Арабӣ мебошанд, муаррифии роҳҳои ҳалли миқёспазир дар доираи Рӯзномаи амалиёти об, тақвияти татбиқи Даҳсолаи амалиёти об ва гузаронидани машваратҳои ғайрирасмии ҷонибҳои манфиатдор нигаронида шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






