Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим: ҳолати кунунӣ ва дурнамо»- таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» ва Рӯзи ҷаҳонии об конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар конфронси илмӣ-амалӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода доир ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо сухан намуд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон беш аз ду даҳсола боз бо назардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш бурда, тавсеа мебахшад.
Дар конфронс намояндагони ниҳодҳои гуногуни мамлакат тадбиру амалҳои нақшавиро дар доираи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо маърузаю рӯнамоҳо пешниҳод намуданд.
Иброз гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ метавонанд ба ҳамкории судманд, табодули таҷриба, ҳалли ҳамгироёнаи масъалаҳои обу экология ва иқлим мусоидат намоянд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






