Варзишгарони собиқадори тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо соҳиби 10 медал гаштанд
ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 октябр дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни собиқадорон баргузор шуд. Дар ин мусобиқа собиқадорони самбои Тоҷикистон сазовори 10 медал гаштанд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Аз рӯи шарти чемпионат, дар мусобиқа паҳлавонони синнашон аз 35 боло ҳаққи иштирок кардан доштанд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон Хайрулло Назриев дар вазни +98 кг дар категорияи М6 ва Нодир Чоршанбиев дар вазни то 88 кг дар категорияи М5 сазовори медали тилло гардиданд.
Хушнуд Сафоев дар вазни то 98 кг дар категорияи М2 медали нуқраро ба даст овард.
Расул Ҳодизода дар вазни то 71 кг дар категорияи М7, Тиркаш Авғонов, Фарҳод Ризозода дар вазни то 98 кг дар категорияи М6, Шариф Қурбонов дар вазни +98 кг дар категорияи М5, Муҳаммад Маҳмарасулов дар вазни то 64 кг дар категорияи М3, Замонҷон Умаров дар вазни то 71 кг дар категорияи М2 ва Алишер Ғарибшоев дар вазни 79 кг дар категорияи М1 соҳиби медали биринҷӣ шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






