Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои сеюми ИДМ дар Озарбойҷон соҳиби 18 медал гардиданд

Октябрь 6, 2025 14:36

ДУШАНБЕ, 06.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони тоҷик то имрӯз, 6 октябр дар Бозиҳои  сеюми кишварҳои  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон идома доранд, соҳиби 18 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 14 биринҷӣ) гардидаанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз макони баргузории бозиҳо иттилоъ додааст.

Ягона медали тиллоро  варзишгари наврас ва шинохтаи тоҷик Беҳрӯз Умаров  5 октябр дар мусобиқа оид ба намуди бокс ба даст овард. Вай дар вазни то 50 кило дар финал бар Азизбек Шокирҷонов аз Ҷумҳурии Узбекистон пирӯз гардид.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои  сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 142 варзишгар дохил мебошанд, ки дар 18 намуд ҳунарнамоӣ мекунанд.

Хотиррасон мешавем, ки се медали нуқраи Тоҷикистонро дар ин бозиҳо Юсуф Замонов аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни то 50 кило, Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг  ва  Акбарҷон Абдуллоев дар вазни  57 кг,  ҳарду дар риштаи бокс гирифтаанд.

14 медали биринҷиро варзишгарони ҷавони тоҷик — Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни то  54 кг  ва Нурулло Муродов дар вазни то 74 кг,  ҳарду аз намуди таэквондо WT, Назаралӣ Холов дар вазни то 64 кг ва Ёсин Ҳукуматов дар вазни то 71 кг, ҳарду аз намуди самбо, Идрис Баҳромов дар вазни 71 кг ва Алиризо Баҳромов дар то 80 кг, ҳарду аз намуди гӯштини тарзи озод, Дамир Назаров дар вазни то 46 кг, Умарҷон Асроров дар вазни то  66 кг, Амир Нозимов дар вазни то 75 кг ва Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни то 60 кг дар байни духтарон, ҳар чорашон аз намуди бокс, Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кг ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг, ҳарду аз намуди гӯштини ҷудо, Муҳаммадӣ Раҷабов аз намуди варзиши қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 200 метр, инчунин Ислом Носиров/Далер Носиров дар каноэи дукаса ба масофаи 200 метр ба даст оварданд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2025 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод