Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар Қазоқистон соҳиби чор медал гардиданд

Октябрь 30, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби чор медал шуданд. Онҳо дар ин Чемпионат 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷиро сазовор гардиданд. Дар ин хусус варзишгари шинохтаи тоҷик Наврӯз Каримзод аз макони баргузории мусобиқа ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Паҳлавони шинохтаи тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни 90кг дар ин мусобиқот ҳунар ва маҳорати баланд нишон дода, бар ҳамаи ҳарфонаш ғолиб омаду сазовори медали тилло ва унвони Чемпиони Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш гардид.

Варзишгари дигари шинохтаи тоҷик Дадахон Қурбоналиев дар вазни +100кг соҳиби медали нуқра гардид. Паҳлавонони дигари тоҷик Рамзиддин Азизов дар вазни 60кг ва Наврӯз Каримзод дар вазни 74кг ба гирфтани медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 30-31-уми октябри соли 2025 инчунин Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини қазоқ кураш дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок менамоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 30, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд