Варзишгоҳи нави марказии ноҳияи Восеъ дорои 21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад

Октябрь 26, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 26.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгоҳи нави марказии ноҳияи Восеъ дорои 21 ҳазор ҷойи нишаст, аз ҷумла 4 минбар барои мухлисон буда, дарозию паҳноии майдони футболи он 105 ба 68 метр аст. Майдони футбол дорои чамани табиӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки бозингарон дар майдони ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бозӣ ва тамрин намоянд. Атрофи чаман, ки бо роҳрави резинӣ барои дав иҳота гардидааст, барои машқ ва қабули мусобиқаҳои риштаи варзиши сабук пешбинӣ гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳудуди иншоот ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, зеристоҳи барқӣ, чоҳи амудӣ барои бо об таъмин кардани варзишгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудааст.

Бинои варзишгоҳ аз се ошёна, аз ҷумла аз ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос, ҳаммому дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Инчунин дар он толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, ҷой барои меҳмонони фахрӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва пешайвон омода гардидааст, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

Барои таъмини рӯшноӣ дар майдони футбол 4 манораи калони муосири равшанидиҳанда насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, шабона ҳам мусобиқаҳо гузаронда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгоҳ аз ҷониби «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонии иншоот соли 2017 оғоз гардида, бо харҷи наздики 69 миллион сомонӣ ба итмом расид. 22 октябри соли равон варзишгоҳи мазкур бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Октябрь 26, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд