«ВАТАН ҶОНЕ, КИ ДАР ҶОНИ МАНУ ТУСТ…». Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 октябр — дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
Ин дастовард аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва нишонаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ гувоҳӣ медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба муносибати гусели наваскарон ҳамоиши идона доир гардид. Диловарони ворухӣ бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватан дар назди волидон ва ҳамдеҳагони худ паҳлу ба паҳлу дар саф истода, бо ин иқдоми ҷавонмардона нишон дода тавонистанд, ки ба давлату миллати худ содиқ ҳастанд.
Масъулини деҳоти Ворух ва собиқадорону волидони даъватшавандагон хизмат дар сафи Артиши миллиро гузаштан аз мактаби мардонагӣ унвон намуда, бо ифтихори зиёд изҳор доштанд, ки ҷавонони ворухӣ дар ҳимояи марзу буми меҳани хеш ҳамеша бояд дар сафи пеш бошанд. Дар ҷамъомади тантанавӣ изҳор гардид, ки зодагони ин диёр бо шукргузорӣ аз Ватани хеш- Тоҷикистон бояд барои тамоми ҷавонони мамлакат нишони пайравию намуна бошанд.
Дар маъракаи гусели наваскарон дар Ҷамоати деҳоти Ворух волидон ва сарбозони аз хизмат баргашта қадрдонӣ карда шуданд. Иброз гардид, ки муҳофизони Ватан, ки имрӯз бо амри дилу виҷдон ба хизмати ҳарбӣ мераванд, намунаи ибрати насли муосир буда, боиси ифтихору сарбаландии падарону модарони хешанд.
Солҳои охир дар деҳоти Чоркӯҳ ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таваҷҷуҳи хосса равона карда шудааст. Дар ҳар оила ҷавонони синни даъватӣ бо хоҳиши худ ва амри дилу виҷдон ба хизмати ҳарбӣ равона мегарданд. Ин нишонаи возеҳи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар рӯзи нахустини даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нақшаи даъват дар деҳоти Чоркӯҳ 100 фоиз таъмин гардид.
Бо оғоз гардидани маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ изҳори омодагӣ намуда, собитқадамона барои хизмати ҳарбӣ қадам бардоштанд. Ин раванд гувоҳи он аст, ки баҳодурони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори ҷавонмардӣ медонанд.
Чорабинии гусели наваскарон дар деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо риояи анъанаҳои дерин баргузор гардид. Барномаи рангини фарҳангӣ ба ин ҳамоиш шукуҳу шаҳомати хосса бахшид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара













Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






