10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон ислоҳоти милитсия идома дорад
ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 10 ноябр дар саросари мамлакат Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил карда мешавад. Ғамхорию дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ далели қадршиносии фаъолияти пурмасъули кормандони ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқу тартибот буда, дар 34 соли соҳибистиқлолӣ дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ садҳо иншоот сохта, ба истифода дода шуданд.
Танҳо давоми беш аз даҳ соли охир зиёда аз 90 раёсату шуъба ва дигар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ аз нав бунёд карда шуда, тамоми биноҳои маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ бо тарҳи замонавӣ таъмиру тармим ва бо лавозимоту таҷҳизоти муосири хизматӣ таъмин гардиданд.
Соли равон бо иштироки Сарвари давлат Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Дастаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»- и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, бинои иловагии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд ва бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вазорат ислоҳоти милитсия таҳти шиори «Милитсия- ин халқ ва халқ- ин милитсия» зина ба зина амалӣ мегардад.
Беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва такмили ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нишони он аст, ки милитсия дар раванди ислоҳот карор дорад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти милитсия ҳамкории мақомоти милитсия бо ҷомеа ба ҳисоб меравад. Кормандони милитсия барои дастрасии бештар ба ҷомеа, таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирӣ, ошкор намудан ва кушодани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ба нуқтаҳои дурдасти аҳолинишин пайваста сафар менамоянд. Онҳо зимни мулоқот ва суҳбат бо аҳолӣ аризаҳоро қабулу баррасӣ намуда, оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бо воситаҳои нақлиёти махсус таъмин гардидаанд. Мошинҳо бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои сафари ҳайати гурӯҳи кории Нуқтаи сайёри милитсия, ки бо сокинон барои пешгирии ҷинояткорӣ, баррасии арзу муроҷиати шаҳрвандон ва таъмини бехатарии мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд, хеле мувофиқанд.
Нуқтаи сайёри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шарвандон қисми таркибии раванди ислоҳоти милитсия ба ҳисоб меравад. Он барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии кормандони мақомоти милитсия ба аҳолӣ ташкил ва амалӣ карда шудааст.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ нисбат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дар доираи ислоҳоти милитсия кормандони ин ниҳод вазъи ҷинояткориро дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату деҳот мавриди таҳлил карор дода, мунтазам зимни вохӯрӣ бо шахрвандон онҳоро бо вазъи маҳал ва натиҷаҳои фаъолияти хизматии мақомоти милитсия шинос менамоянд. Нозирони минтақавии милитсия оид ба масъалаҳои вазъи ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини бехатарӣ, хушунатҳои оилавӣ ва роҳҳои пешгирии он мунтазам кор мебаранд.
Маҳз натиҷаи фаъолияти мақсадноки кормандони милитсия аст, ки имрӯз шаҳрвандон дар симои корманди милитсия ҳимоятгари худро мебинанд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






