Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор доданд.
Ин 10 иншоот ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббиву бонкӣ заминаи мусоид мегузоранд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои нави Маркази ташхисию табобатии хусусии Салоҳиддин аз 5 ошёна иборат буда, бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Машҳура Ҳайдарова бунёд шудааст. Дар Маркази нави ташхисӣ 35 мутахассиси соҳа ба кор таъмин гардиданд.
Ҳамзамон Маркази офиятбахшӣ ва солимгардонии Хушвахт низ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хушбахт Бафоев сохта шудааст, ки бо се ошёна дорои 8 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз мебошад. Дар иншооти мазкур 15 нафар бо кор таъмин гардиданд.
Инчунин бинои навтаъсиси филиали Корхонаи воҳиди давлатии Саноатсодиротбонк дар шаҳри Истарвшан аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бо мавриди истифода қарор гирифтани филиали мазкур зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ин рӯз, ҳамчунин, бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маҳаллаи Имоми Аъзам барои қабули 720 хонанда дар ду баст ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Иншооти сеошёна бо таҷҳизоти муосири соҳа таъмин буда, бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша сохта шудааст.
Инчунин дар деҳаи Тутки деҳоти Пошкент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 барои 540 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Муассисаи навбунёд дорои шароити мусоиди таълиму тадрис буда, дорои 12 синфхонаи муҷаҳҳаз мебошад.
Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар муассиса толори барҳавои варзишӣ сохта шудааст.
Ҳамчунин, дар ин рӯз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 дар деҳаи Чорбоғ барои 2 ҳазору 600 хонанда дар ду баст бо 50 ҷойи корӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Иншоот дуошиёна буда, дорои 36 синфхона мебошад. Хонандагон имкон доранд, ки бо истифода аз кабинетҳои фаннии химия, биология, физика ва география дониши худро сайқал диҳанд.
Муассисаи зебову муосири таълимӣ имкон медиҳад, ки минбаъд наврасону ҷавонони деҳаи Чорбоғ дар шароити муосир бо таҳсил фаро гирифта шаванд.
Ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 дар деҳаи Сӯфиорифи деҳоти Зарҳалол дар идомаи ҳамин иқдом амалӣ гардида, барои бо таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои ин муассиса аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он шароити муосири таълим фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло дар муассиса зиёда аз 30 омӯзгор, ки 90 фисади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба кор ҷалб шудаанд.
Иншооти нав дорои маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст аст.
Инчунин, дар ин рӯз 3 кӯдакистон ба фаъолият оғоз намуд.
Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст.
Се муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаҳои Сандағундак, Тутк ва Вогат дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шудааст, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардидааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва сатҳу сифати шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, масъулонро ба таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуданд.
Бояд гуфт, ки танҳо имрӯз дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти миёнаву томактабӣ ба истифода дода шуд, ки барои 4 ҳазору 200 хонанда дар ду баст ва 400 кӯдак пешбинӣ шудаанд.









Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон






