Дар вилояти Хатлон беш аз 1400 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2025 дар ҳудуди вилояти Хатлон баистифодадиҳии 139 иншооти гуногуни соҳаи маориф иборат аз 1277 адад синфхона барои 31925 ҷои нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 63850 ҷои нишаст ба нақша гирифта шудааст, ки кушодашавии иншоот зина ба зина аз моҳи марти соли равон оғоз гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Инчунин нимсолаи якуми соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 24 иншооти гуногуни соҳа иборат аз 136 синфхона барои 3350 ҷои нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 6700 ҷои нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар вилояти Хатлон 1403 муассисаи таълимӣ ва 18 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият доранд. Сатҳи фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо ба 24,7 фоиз расидааст.
Дар вилоят «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» амалӣ мегардад. Дар марҳилаи дуюм барои солҳои 2025-2027 ҳалли мушкилоти ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон, аз байн бурдани биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам намудани шароити мусоиди таҳсил равона гардидааст.
Дар доираи он бунёди 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 ҳазору 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре қаблан иттилоъ додем, 23 октябр соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 90-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Мактаби замонавии бошукӯҳ дуошёна буда, аз ҷониби оилаи Бобозодаҳо ва бо саҳми дигар соҳибкорони меҳандӯсти деҳаи Рахшонзамин бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.
Инчунин дар ин муассиса баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкасб гардонидани хонандагон асбобҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, мошинаҳои дӯзандагӣ ва дигар шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Духтарон баробари омухтани либосдӯзӣ, ҳамзамон бо роҳнамоии омӯзгорон метавонанд бо нозукиҳои касбу ҳунарҳои дигар низ бохабар шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон / АМИТ «Ховар»








8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд






