Ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо «Истиқлол» ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр ҳайати дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо тими футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё ба шаҳри Душанбе омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Фурудгоҳи байналмилаии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони дастаи футболи «Истиқлол», хабарнигорон ва мухлисон истиқбол гирифтанд.
Бозии дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ 26 ноябр, соати 18:45 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад.
25 ноябр бо иштироки масъулини бозӣ ҷаласа доир гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ оид ба вохӯрии дарпешистода баррасӣ шуданд. Мизбонони рақобат- футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо пироҳанҳои зард ба майдон мебароянд.
Ёдовар мешавем, ки пас аз бозиҳои даври чаҳорум дар гурӯҳи «D», дастаи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ бо 12 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. Дастаҳои футболи «Ал-Завра»-и Ироқ ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон соҳиби 6 имтиёзӣ буда, мутаносибан дар зинаҳои дуюм ва сеюм мавқеъ гирифтаанд. Дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






