Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи Тимори Шарқӣ муайян гардид

Ноябрь 11, 2025 10:14

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати бозигаронро барои бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи Тимори Шарқӣ, ки 18 ноябр дар Дарвини Австралия баргузор мешавад, эълон кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ба рӯйхати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 бозигар —  3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ворид шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Австралия сафар карда, дар онҷо барои бозӣ бо Тимори Шарқӣ омодагӣ мебинад.

Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18 ноябр,  соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ (11:30 ба вақти Душанбе) дар ҳудуди варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия баргузор мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Ноябрь 11, 2025 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд