Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 24 ноябр дар Ҷумҳурии Ҳиндустон конференсияи 26-уми байналмилалии раисони судҳои олии кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид, ки намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар он иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокчиёни конференсия масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, сулҳи ҷаҳонӣ, ҳуқуқи инсон ва нақши ҳокимияти судӣ дар ҳалли мушкилоти замони муосирро баррасӣ намуданд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия намояндагони Тоҷикистон дар мавзуи ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ маъруза намуда, нақши ҳамкории байналмилалӣ дар таҳкими адолати судӣ ва мубодилаи таҷрибаҳоро байни низоми судӣ таъкид карданд.
Намояндагони Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ, дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии муштарак, ки ба таҳкими қонуният, рушди ҳокимияти судии мустақил ва ҳифзи арзишҳои демократӣ равона шудаанд, ибрози андеша намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар конференсия намояндагони беш аз 52 давлати ҷаҳон, аз ҷумла 13 раиси суди олӣ иштирок намуданд.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






