Ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баргузор шуд

Ноябрь 13, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа намояндагони парлумонҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Русия иштирок намуданд.

Зимни он вакилони парлумон дар бораи омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон дар солҳои 1941-1945 маълумот пешниҳод намуданд.

Инчунин ба аъзои комиссия натиҷаҳои чорабиниҳои гузашта дар созмонҳои байналмилалии шарик ва чорабиниҳои байналмилалие, ки Ассамблея ташкил кардааст, пешниҳод карда шуданд.

Дар ин ҷаласа масоили марбут ба фаъолияти БРИКС баррасӣ шуда, ба аъзои комиссия гузориш дар бораи раёсати Бразилия дар соли 2025 пешниҳод карда шуд.

Иштирокдорони ҷаласа ҳамзамон дар бораи натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар соли 2025 ҳисобот доданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 13, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд