Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?

Ноябрь 25, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи «Строй Сервис» яке аз ташкилоти пешбари сохтмонии Тоҷикистон мебошад, ки панҷ ширкати фаръиро муттаҳид сохтааст. Барои ҳамоҳангсозии самараноки равандҳои корӣ ширкат алоқаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро интихоб намудааст. Оид ба нақши имконоти  телекоммуникатсионӣ дар соҳаи сохтмон маъмури Ассотсиатсия Неъматҷон Абдуалимов маълумот медиҳад.

Барои чӣ Шумо маҳз “МегаФон Тоҷикистон”-ро ба сифати оператори алоқа интихоб намудед?

— Мо корҳои сохтмониро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла дар Душанбе, Темурмалик ва Данғара анҷом медиҳем. Объектҳоямон низ гуногунанд – аз биноҳои ҳукуматӣ, хонаҳои истиқоматӣ, иншооти варзишӣ то роҳҳо ва боғҳо. Барои ҳамин устуворӣ ва эътимоднокии хизматрасонии телекоммуникатсионӣ дар дилхоҳ макон, аз ҷумла майдонҳои варзишӣ ба ҷойи аввал мебарояд. Бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мо мутмаинем, ки кормандон чӣ дар шаҳр ва чӣ дар ноҳияҳо дар алоқа хоҳанд буд.

— Алоқаи мобилӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи Шумо чӣ кумак мерасонад?

— Сохтмон ҷараёни доимии иттилоотро дар бар мегирад: нақшаҳо ва мувофиқасозиҳо, ҳамоҳангкунии таҳвилҳо ва ҳалли бисёр масъалаҳои фаврӣ. Бо алоқаи босифати мобилӣ мо бе мушкилӣ бо сарварон, техникҳо ва таҳвилгарон тамос мегирем. Ин вақтро сарфа карда, имкон медиҳад, ки бе таъхир амал намоем.

Оё интернети мобилиро истифода мебаред?

— Бале, фаъолона истифода мебарем. Он ба мо дар ирсоли ҳуҷҷатҳо, табодули суратҳисоботу ҳисоботи видеоӣ, кор бо онлайн-воситаҳо зарур меояд. Бисёр вазифаҳоро метавон дар худи объект ба идора нарафта, ҳал намуд.

Оё Шумо хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон”-ро ба ширкатҳои дигар тавсия медиҳед?

 — Мо аллакай операторро ба дигар ташкилоти сохтмонӣ тавсия додем. “МегаФон Тоҷикистон” ифодагари устуворӣ ва сифат буда, тарзи амали шариконаро ба кор мебарад. Мутмаинам, ки бо чунин алоқа метавон даҳҳо лоиҳаҳои мушкилтаринро идора намуд!

Ноябрь 25, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд