Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсиатсияи «Строй Сервис» – яке аз ташкилоти пешбари сохтмонии Тоҷикистон мебошад, ки панҷ ширкати фаръиро муттаҳид сохтааст. Барои ҳамоҳангсозии самараноки равандҳои корӣ ширкат алоқаи “МегаФон Тоҷикистон”-ро интихоб намудааст. Оид ба нақши имконоти телекоммуникатсионӣ дар соҳаи сохтмон маъмури Ассотсиатсия Неъматҷон Абдуалимов маълумот медиҳад.
— Барои чӣ Шумо маҳз “МегаФон Тоҷикистон”-ро ба сифати оператори алоқа интихоб намудед?
— Мо корҳои сохтмониро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз ҷумла дар Душанбе, Темурмалик ва Данғара анҷом медиҳем. Объектҳоямон низ гуногунанд – аз биноҳои ҳукуматӣ, хонаҳои истиқоматӣ, иншооти варзишӣ то роҳҳо ва боғҳо. Барои ҳамин устуворӣ ва эътимоднокии хизматрасонии телекоммуникатсионӣ дар дилхоҳ макон, аз ҷумла майдонҳои варзишӣ ба ҷойи аввал мебарояд. Бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мо мутмаинем, ки кормандон чӣ дар шаҳр ва чӣ дар ноҳияҳо дар алоқа хоҳанд буд.
— Алоқаи мобилӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи Шумо чӣ кумак мерасонад?
— Сохтмон ҷараёни доимии иттилоотро дар бар мегирад: нақшаҳо ва мувофиқасозиҳо, ҳамоҳангкунии таҳвилҳо ва ҳалли бисёр масъалаҳои фаврӣ. Бо алоқаи босифати мобилӣ мо бе мушкилӣ бо сарварон, техникҳо ва таҳвилгарон тамос мегирем. Ин вақтро сарфа карда, имкон медиҳад, ки бе таъхир амал намоем.
— Оё интернети мобилиро истифода мебаред?
— Бале, фаъолона истифода мебарем. Он ба мо дар ирсоли ҳуҷҷатҳо, табодули суратҳисоботу ҳисоботи видеоӣ, кор бо онлайн-воситаҳо зарур меояд. Бисёр вазифаҳоро метавон дар худи объект ба идора нарафта, ҳал намуд.
— Оё Шумо хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон”-ро ба ширкатҳои дигар тавсия медиҳед?
— Мо аллакай операторро ба дигар ташкилоти сохтмонӣ тавсия додем. “МегаФон Тоҷикистон” ифодагари устуворӣ ва сифат буда, тарзи амали шариконаро ба кор мебарад. Мутмаинам, ки бо чунин алоқа метавон даҳҳо лоиҳаҳои мушкилтаринро идора намуд!








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






