«ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН -САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ». Бо чунин унвон «Дав барои хушҳолӣ» баргузор гардид

Ноябрь 21, 2025 08:37

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон чорабинии тантанавии ҷавонону варзишгарон ва «Дав барои хушҳолӣ» таҳти унвони «Ҷавонон ва варзишгарон -садоқат ба Пешвои миллат ва Парчами давлатӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони федератсияҳои варзишии кишвар, директорони муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, мураббиёну варзишгарони касбии мамлакат иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор намуд, ки имрӯз ҷавонону варзишгарон кишвари азизамон бо дастгириву ҳидоятҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлату Ватан ва парафшон намудани Парчами миллӣ дар майдонҳои байналмилалӣ бо иродаи қавӣ, матонат ва корнамоиҳои шоиста фаъолона ҳунарнамоӣ доранд.

Бо талошҳои онҳо имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар байни парчами садҳо кишвари ҷаҳон парафшон мегардад ва Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад. Ин на танҳо ифтихори варзишгарон, балки рамзи баландпарвози давлату миллат мебошад.

Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд ҳамеша зери парчами муқаддаси хеш ҳимоятгари манфиатҳои давлату миллат бошанд, Парчами миллиро ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ эҳтиром намоянд ва ба насли наврас эҳсоси баланди ифтихор аз он ва ҳимояи онро талқин кунанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 21, 2025 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд