АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2025 10:46

ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дирафш, дурафш ё дарафш ба маънои дурахшидан, барқ задан, алвонҷ хӯрдан омадааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, дирафши ковиёнӣ пур аз дурру гуҳар буд ва бо ҳама зебоиву дурру гуҳараш пеши назар ҷилвагар мешуд.

-Вожаи парчам муродифоти зиёде дорад:  байрақ, алам, ливо роят, парчам, дирафш. Аз ин шаш вожа чортоаш арабӣ ва танҳо парчаму дирафш калимаҳои аслии тоҷикианд. То замони истиқлол калимаи арабии байрақ бештар истифода мегардид. Пас аз истиқлолият бо қабули рамзҳои давлатӣ вожаи зебои тоҷикии парчам расман дар истифода қарор гирифт ва ҷои калимаи арабии байрақро соҳиб гашт.

Вожаи парчам дар фарҳанги забони тоҷикӣ «пӯлаки абрешимӣ, мӯйи думи гови кӯҳӣ (қутос), ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд» омадааст. Аммо дар дигар сарчашмаҳо парчам маънои «зарбафт, зарбофт, кимхоб, дебо»-ро ифода менамояд. Яъне, парча як матои одӣ набуда, балки матои бо зарҳал бофташудаю ороёфта ва дебо будааст. Дар достони «Шоҳнома»— и Фирдавсӣ низ дирафши ковиёнӣ бори нахуст бо матои дебо ва дурру гуҳар тасвир гардидааст:

Чу он пӯст бар найза бардид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зарғ-ш бум.

Дар достони «Шоҳнома»  омадааст, ки дар замони ҳукмронии Заҳҳок зулму торикӣ аз ҳад гузашт ва мамлакат дар ҳолати харобию нестшавӣ қарор гирифт. Дар чунин вазъият Кова ном шахс — косиби оҳангаре аз аҳли меҳнаткашон бархост ва пешдомани чармини хешро  бар нӯги найза карда, мардумро бар зидди зулм  даъват кард. Ҳадаф аз даъват наҷоти ватан аст ва рамзи дирафш низ ҳифзи ватан ва мардуми кишвар мебошад.

Дар хусуси рангҳои дирафши ковиёнӣ низ дар достон гуфта шудааст, ки аз рангҳои сурху зарду бунафш иборат аст:

Фурӯ ҳишта з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш “Ковиёнӣ дурафш”.

Ва дар замонҳои баъдӣ ҳар подшоҳе, ки меомад, ба он гавҳарею ороише илова менамуд. Дар натиҷа дирафши ковиёнӣ пур аз дурру гуҳар ва хеле қиматбаҳо низ гардид. Дар натиҷаи шикасти давлати Сосониҳо ва ғолибияти арабҳо табиист, ки дирафши ковиёнӣ дар қатори дигар ғаниматҳо ба дасти аҷнабиён гузашт. Баъди ғолибияти арабҳо тибқи ахбори манбаъҳои таърихӣ, дирафши ковиёнӣ ба фурӯш монда шуд ва қимати он низ муайян гардид. Харидорони дирафш зиёд ва нархи он низ хеле боло рафт. Бо чунин нархи гарон харидорӣ шудани дирафш аз ҷониби арабе суол ба миён меорад. Андешаи дурусту мантиқӣ он аст, ки дирафши ковиёниро бо чунин нархи гарон ватандӯсте, тоҷике, аҷамие  шояд харида бошад. Зеро танҳо соҳибпарчаму ватандӯст ва нафари  банангу номус қимати онро медонист ва муқаддасу бебаҳо меҳисобид.

Дар замони муосир- ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам омад, ки мардуми Тоҷикистон рамзҳои давлатии хеш- Парчам, Нишон ва Суруди миллиро қабул намоянд. Тоҷикистони  соҳибистиқлол ҳоло зери Парчаму Нишон ва бо садои Суруди миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҷомеа қадамҳои устувору умедбахш мегузорад.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосию  муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддас ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд”.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлатдорӣ аз нигоҳи сиёсию ҳуқуқӣ дар қонунгузории мамлакат ҳамаҷониба муайян гардидааст.

Мақоми ҳуқуқии Парчами давлатӣ дар сатҳи олии қонунгузорӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст. Тибқи моддаи 3-и Конститутсия, Парчам ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлат эътироф мешавад ва ба мақоми ҳуқуқии он ҳамчун нишонаи истиқлолияти миллӣ ва давлатдорӣ кафолат дода мешавад. Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ расман қабул гардид. Ин иқдом дар шароити ҳассоси сиёсиву иҷтимоии мамлакат амалӣ шуда, оғози марҳалаи нави давлатсозӣ, таҳкими қонунияти конститутсионӣ ва эҳёи сохтори давлатӣ маҳсуб мешуд.

Тартиби истифода, тавсифи расмӣ, таносуб, рангу нишонаҳо ва ҷойгиркунии Парчам дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври муфассал танзим шудааст. Дар баробари ин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои протоколии давлатӣ низ тартиби барафрохтан ва истифодаи дурусти Парчамро дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, маросими расмӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ муайян мекунанд.

Парчами давлатии Тоҷикистон решаҳои амиқи фарҳангӣ ва таърихӣ дорад. Тарҳи он аз се ранги уфуқӣ: сурх, сафед ва сабз иборат аст, ки ҳар яке дорои маънои амиқи рамзӣ мебошад. Ранги сурх рамзи шуҷоат, ҷасорат, ваҳдати миллӣ ва муборизаи таърихии халқ барои озодӣ ба шумор меравад. Ранги сафед сулҳ, покизагӣ, адолат ва арзишҳои инсонпарваронаи миллатро таҷассум мекунад. Ранги сабз нишонаи табиат, зиндагӣ, зироаткорӣ ва меҳнати созандаи мардуми тоҷик аст.

Унсури марказии Парчам: тоҷ ва ҳафт ситора низ дорои ҳикмати таърихӣ ва рамзшиносии миллӣ мебошанд. Тоҷ ифодаи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва идомаи суннатҳои қадимаи давлатсозии тоҷикон, махсусан мероси давлати Сомониён мебошад. Ҳафт ситора рамзи саодат, комилӣ, некбахтӣ ва арзишҳои маънавии мардуми ориёинажод аст. Рақами «7» дар фарҳанги тоҷикӣ аз замонҳои дур рамзи комилият ва баракати зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

Қабули Парчами давлатӣ соли 1992 дар рӯзҳои душвори таърихи мамлакат ба рамзи эҳёи давлатдории миллӣ, иттиҳоду ягонагии халқ ва оғози бунёди давлати соҳибистиқлол табдил ёфт. Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2009 «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман муқаррар карда шуд.

Дар маҷмуъ, асосҳои ҳуқуқӣ ва таърихии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз арзишҳои конститутсионӣ, анъанаҳои давлатдорӣ ва фарҳанги ғании миллӣ сарчашма гирифтаанд. Парчам рамзи ифтихор, ваҳдат, сулҳ ва истиқлол буда, ҳамчун нишонаи расмии давлати тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва байналмилалӣ вазифаи муҳимро ба анҷом мерасонад.

  Сафармо ИМОМЗОДА,
Нилуфар ИМОМЗОДА

 

Ноябрь 20, 2025 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ — роҳнамои зиндагии шоиста
Паёми Президенти Тоҷикистон стратегияи комили давлатӣ барои солҳои минбаъда мебошад
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-МАНИФЕСТИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Андешаҳо дар ин маврид
РАҚАМИКУНОНӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ — МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ XXI
Дар Тоҷикистон қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия мегардад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – саҳифаи нави рушди арзишҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маърифатӣ
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Иқтибосҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Инъикоси масъалаи рақамикунонӣ ва рушди устувор дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Андешаҳои коршинос
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси стратегии рушди иқтисоди воқеӣ ва молияи давлатӣ мебошад
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: назари муназзам ба рушд ва авлавияти миллӣ