Ба зиёда аз 9 ҳазор хонаводаи ноҳияи Темурмалик китоби «Шоҳнома» тақдим мегардад

Ноябрь 7, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар ноҳияи Темурмалик оғоз гардида, ҳоло ин раванд идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи нақшаи пешбинишуда, китоб барои 9189  хонавода ворид гардида, бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ба оилаҳои ноҳия тақдим карда мешавад.

Ин иқдоми неку фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади таҳкими худшиносӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва боло бурдани завқи мутолиа дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷониби сокинони ноҳия бо самимият ва эҳсоси баланди ифтихор пазируфта мешавад.

Оилаҳое, ки китобро дастрас намудаанд, изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи безаволи таъриху адабиёти тоҷик дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.

Масъулин иброз намуданд, ки тақдими ин шоҳасари безавол ба ҳар хонавода идома дошта, рӯзҳои наздик ҳамаи 9189 хонаводаи ноҳияи Темурмалик ин туҳфаи пурқимати Пешвои миллатро дастрас менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Сокинони ноҳияи Қубодиён соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд