«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 09.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои ғолибони даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Ба ғолибони ҷойи якум – 6000 сомонӣ (1 нафар), ҷойи дуюм – 3600 сомонӣ (2 нафар) ва ҷойи сеюм – 2400 сомонӣ тақдим мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, бо маблағи 2400 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соли 2026 ба ифтихори 35-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ- Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон давоми таърих баргузор мешавад.
Озмун аз чор давр иборат буда, даври якум – моҳи март дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот, даври дуюм – моҳи апрели соли 2026 дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе) ва даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2026 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Инчунин даври чорум – нимаи якуми моҳи декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад.
Тибқи Низомномаи озмун иштирокдорон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
«1) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (иборат аз се зергурӯҳ):
– хонандагони синфҳои 1-4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
– хонандагони синфҳои 5-8;
– хонандагони синфҳои 9-11 ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);
2) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);
3) омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои олимону донишмандоне, ки вобаста ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ кори илмӣ ё дигар таҳқиқот анҷом додаанд, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);
4) калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун».
Ёдовар мешавем, ки барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






