Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Ноябрь 8, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Подшоҳии Арабистони Саудӣ Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барномаи ҳамкорӣ 6 ноябри соли равон зимни вохӯрии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода бо Вазири варзиши Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷаноби Шайх Абдулазиз бин Турки Ал-Файсал, ки  дар доираи баргузории VI-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ  баргузор гардид, ба имзо расид.

Татбиқи ин Барнома,  барои  таҳкими муносибатҳои дӯстона, табодули таҷриба ва густариши фаъолияти муштарак дар самти ҷавонон ва варзиш мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими густариши ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни  ҷавонон, табодули таҷрибаи мутахассисон, омӯзиши мураббиён, инчунин ташкили чорабиниҳои муштараки варзишӣ баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 21 ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор мегарданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 65 варзишгар аз рӯйи 10 намуди варзиш – варзиши сабук, варзиши электронӣ, волейбол, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, таэквондо, тенниси рӯйи миз, футзал, ҷиуҷитсу, ҷудо ва  шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 8, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад